ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Коллексионери рус бо дастгирии сафорати ҶТ дар Русия ба шаҳрванди Тоҷикистон Мафтуна, ки ба ҷарроҳии оҷилӣ ниёз дорад, кӯмаки молиявӣ расонд.
Ду сол қабл Мафтуна ҳамроҳи модараш ба садамаи нақлиётӣ дучор шудааст. Табибон бовар надоштанд, ки ӯ ба худ меояд, вале баъди гузаронидани чор амалиёти ҷарроҳӣ бо дастгирии духтурон ва хешу табораш Мафтуна каме сиҳат шуд. Акнун барои Мафтуна боз як ҷарроҳии арзишаш гарон лозим аст, дар сурати дар давоми як моҳ ҷарроҳӣ накардан, ӯ метавонад аз роҳ гаштан бозмонад.
Ба гуфти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ӯ ба воситаи рӯзнома аз ин ҳодиса хабар ёфтааст.
"Ҳамаи мо соҳиби фарзанд ҳастем ва ман низ духтар дорам. Ҳиссиёти аввалини ман эҳсосоти падарӣ буд. Сухан дар бораи мансубияти миллӣ нест-набояд фарқ гузошт, ки ӯ тоҷик аст, узбек ё рус. Агар миллати ин духтарак дигар мебуд, вокуниши ман аз ин чиз тағйир намеёфт",-изҳор дошт сафир.
Имомуддин Сатторов қайд кард, ки одамон набояд нисбати чунин ҳодисаҳо бетараф набошанд.
"Агар имконият бошад, мо бояд новобаста аз мансубияти миллӣ кӯмакамонро дареғ надорем. Чунин ҳодисаҳо моро нисбати ҳамдигар меҳрубонтар мекунанд",-гуфт ӯ.
Баъди ин ҳодиса сафир қарор дод, то бо коллексионери рус Юлия Вербитская дар тамос шавад.
"Ман ба ӯ занг зада кӯмак хостам. Ҳангоми занг задан ман боварӣ доштам, ки ӯ ёрӣ медиҳад. Умедворам, ки ин амал дигар одамонро низ водор месозад то ба Мафтуна кӯмак кунанд",-илова кард Сатторов.
Хоҳиши умумӣ
Ба гуфти Вербитская хоҳиши ба ин духтарак кӯмак кардан, амри дил буд. Ба фикри ӯ имрӯзҳо ба мардуми тоҷик диққати наонқадар кофӣ дода мешавад. Холигие вуҷуд дорад, ки онро бояд бо корҳои шоиста пур кард.
"Ман ба фарҳанги Тоҷикистон бо эҳтироми хоса муносибат мекунам. Барои ин халқ кӯмак кардан-ин хоҳиши шахсии ман аст. Ман бовар дорам, ки фарзанд ҳеҷ гоҳ бегона нест. Чуноне ҷаноби сафир мегӯяд, ин амал моро каме беҳтар мекунад",-мегӯяд Юлия, нафаре, ки ба оилаи Мафтуна 60 ҳазор рубли русӣ кӯмак кардааст.
Ба кӯмаки Юлия боз ду нафари дигар ҳамроҳ шуда, иброз доштанд, ки омодаанд ба суратҳисоби Мафтуна 1000 доллари амрикоӣ фиристонанд. Ба қавли холаи Мафтуна ба суратҳисоб каму беш маблағи пулӣ равон мешавад-одамон ба қадри тавонашон ёрӣ мерасонанд.
Некӣ мутаҳҳид месозад
"Дар бораи корҳои нек бояд бештар гуфт. Мардуми рус табиатан одамони хубанд. Фарҳанги рус ба фарҳанги мо доиман таъсир мерасонад. Ва бояд тафриқаандозӣ накунем ва дар бораи ҷонибҳое гӯем, ки моро муттаҳид месозад. Ин амал, кӯмак ба духтари тоҷик яке аз мисоли беҳтарин мебошад",-қайд кард сафир.
Намояндаи бунёди хайриявии "Простые вещи" ҳамроҳи Юлия Вербитская маблағи пулиро ба холаи Мафтуна дода, изҳори умедворӣ карданд, ки маблағи боқимондаро бо дастгирии умумӣ барои ҷарроҳии духтари тоҷик ҷамъ кунанд.
"Аз кӯмак кардан ҳарос накунед! Аз ин амал тарсидан ё шарм кардан лозим нест. Ҳатто маблағи кам метавонад заррае бошад, ки ба духтари тоҷик умед мебахшад. Набояд аз маҳкум шудан тарс дошт",-гуфт дар хулоса Юлия Вербитская.
Ёдовар мешавем, ки қаблан коллексионери рус ба Муҳаммад Ҷураеви 12-сола барои гузаронидани ҷарроҳии чашм кӯмак карда буд.