ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Ҳамватанон дар якҷоягӣ бо Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия ба зани тоҷик кумак карданд то ба ватан баргардад, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии мақомот.
Сокини ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ду моҳ қабл ҳамроҳи духтар ва ду набераи хурдаш ба Маскав омада буд.
Зан бо сабаби нобино будан, маъюби пурра мебошад. Ӯ мехост дар пойтахти Маскав чашмони худро ҷарроҳӣ кунад. Ҷарроҳӣ бояд аз ҷониби ташкилотҳо ва бунёдҳои хайриявӣ гузаронида мешуд.
Вале мутаассифона ҳамаи чиз аз рӯи нақша сурат нагирифт: зани 53 сола дар ҳолати мушкили зиндагӣ афтод, умеди ҷарроҳии бепул барбод рафт, хешовандон бошанд барои равон кардани ӯ ба Тоҷикистон пул надоштанд.
Баъд зан ҳамроҳи оилааш ба намояндагии ҶТ дар Русия муроҷиат кардааст.
"Муроҷиати зани тоҷик аз ҷониби намояндагии кишвар ва сафорати ҶТ дар Русия беҷавоб намонд. Чиптаҳоро барои баргаштани ӯ ҳамроҳи фарзанд ва набераҳояш яке аз ҳамватанамон, ки дар Маскав кор мекунад, харидорӣ кард",-омадааст дар хабарнома.