Владимир Путин дар назди вакилони нави Думаи давлатии ФР баромад мекунад

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкДумаи давлатии ФР. Акс аз бойгонӣ
Думаи давлатии ФР. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, 5-уми октябр, ҳайъати нави платаи поёнии парлумон бори аввал маҷлис меороянд, ки дар он якчанд масъалаҳо дида баромада мешавад.

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik.Даъвати ҳафтуми Думаи давлатии Русия рӯзи чоршанбе дар маҷлиси аввалини худ ба ҳам меоянд.

Ҳамин тавр, ҳайъати парлумон бояд роҳбарияти палатаро интихоб кунанд, кумитаҳои махсусро ташкил диҳанд ва вобаста бо пайдо шудани вакилони якмандатӣ низомномаи худро дигар кунанд.

Президенти Федератсияи Русия  Влавдимир Путин ба нақша гирифтааст, ки дар назди вакилони даъвати нави Думаи давлатӣ баромад кунад.

Думаи ҳафтум бо шумораи зиёди вакилони нав аз даъвати гузашта фарқ мекунад. Аллакай маълум аст, ки курсиҳои зиёди плениумро аъзоёни "Русияи воҳид" мегиранд, ки дар натиҷаи интихобот 343 ваколат ба даст овардаанд. Коммунистон акнун 42 курсии вакилонро ишғол мекунанд, Ҳизби либерал-демократии Русия-39 ҷой ва ҳизби "Русияи адолатпарвар" бошад — 23.

Кори КМИ Русия. - Sputnik Тоҷикистон
КМИ-и Русия натиҷаҳои интихоботи Думаи давлатиро тасдиқ кард

Чуноне ки муовини котиби шӯрои генералии ҳизби "Русияи воҳид" қайд намуд, вакили Думаи давлатӣ Сергей Железняк бояд дар даъвати нави Думаи давлатии ФР дар масъалаҳои байналмиллалӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳад.

"Мо дар ҷаҳони мушкил  ва зуд тағирёбанда зиндагӣ мекунем, ки он пур аз низоъ ва мушкилиҳост. Барои ҳамин дар давраи нави сиёсӣ Думаи давлатии даъвати ҳафтум бояд бо масъалаҳои байналмиллаӣ ҷиддан машғул шавад. Дар назди ҳизбҳои Думаи давлатӣ вазифаҳои муҳимтарини татбиқи стратегияи сиёсати хориҷии президент, қабули ташаббусҳои қонунгузорӣ ва тавсиби созишномаҳои байналмиллалӣ гузошта шудааст",- гуфт ӯ рӯзи чоршанбе дар мулоқот бо рӯзноманигорон.

Лентаи хабарҳо
0