ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи рӯзи якшанбе ҳафт аҳзоб ба Думаи ҳафтум гузаштанд.
"Ҳамин тавр, "Русияи воҳид" — 343 ваколат, Ҳизби коммунистӣ- 42 ҷой, Ҳизби адолатхоҳ- 23 вакил, Ҳизби либерал- демократӣ- 23 мандат, "Ватан"- 1, "Платформаи шаҳрвандӣ"- 1 ҷой ва як ҷойи дигарро номзаде ба даст меорад, ки таври худпешбиникунӣ пешниҳод шудааст",- эълон дошт муовини раиси КМИ Николай Булаев шаби панҷшанбе дар маҷлиси Комиссияи марказии интихоботии Русия, ки дар он натиҷаҳои ниҳои интихобот ба Думаи давлатӣ ҷамъбаст гардид.
Ғайр аз ин хабар дода мешавад, ки аъзоёни КМИ Русия санади натиҷаҳои интихобот ба Думаи давлатӣ ва ҷадвали ҷамъбастии натиҷаҳоро имзо карданд.
"Суратмаҷлис оид ба натиҷаҳои интихобот дар ноҳияҳои федералӣ соати 01.24 имзо гардид",- эълон дошт котиби КМИ Русия Мая Гришина.
Ҳамин тавр аъзои КМИ Русия Евгений Клюшин суратмаҷлисро имзо намуд, аммо фикри махсуси худро навишт ва хоҳиш намуд, ки онро бо ҳуҷҷат якҷоя бимонанд. Вай аз он норозӣ буд, ки ба гуфтаи вай, маълумоти дар протокол сабтгардида, "аз ҳисоби вайрон кардани принсипҳои интихоботи озод ва ҳуқуқи баробар дар интихобот" ба даст оварда шудаанд.
Овоздиҳӣ санаи 18-уми сентябр баргузор гардида интихобот дар низоми омехта суръат гирифт: 225 вакилон аз рӯйи рӯйхати ҳизбҳо интихоб гардиданд(низоми мутаносиб) ва 225-тои дигар аз рӯйи ҳавзаҳои якмандатӣ(низоми мажоритарӣ) интихоб шуданд.