ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik.Каратечиёни тоҷик дар мусобиқаи хеш дар шаҳри Хуҷанд чемпионони нави кишварро муайян намуданд.
Дар Хуҷанд мусобиқа оид ба каратэ баргузор гардид. Дар мусобиқаҳо варзишгарон аз минтақаҳо ва шаҳрҳои гуногуни кишвар иштирок намуданд. Ҳамагӣ дар сабқат 315 варзишгар (270 мард ва 45 зан) иштирок доштанд.
Варзишгарон аз вилояти Суғд мувофиқи натиҷаҳои сабақат дар байни дастаҳо бо гирифтани 22 медали тилло, 24 нуқра ва 32 биринҷӣ ҷойи аввалро гирифтанд. Ҷойи дуввумро карачиён аз НТМ(13-11-31) ва ҷойи саввумро бошад варзишгарони вилояти Хатлон (8-9-1) ва дар ҷойи чорум каратечиён аз Душанбе(2-1-5) мебошанд.
Бояд қайд кард, ки пештар мунтахаби Тоҷикистон дар Эрон бо муваффақият дар чемпионати ҷаҳон оид ба каратэ-до баромад намуда буд. Варзишгарони тоҷик панҷ медал ба даст оварданд: як медали тилло, ду нуқра ва се биринҷӣ.
Даста бо роҳбарии мураббӣ Муҳаммад Бодаков баромад кард. Медали тиллоро варзишгар Шероз Икромо дар вазни 84 кг ба даст овард. Медали нуқрагиро бошад Сафаралӣ Давлатов бо вазни 67 кг ба даст овардааст. Гирандагони медали биринҷӣ- Бадриддин Умедов дар вазни 84 кг, Мурод Назаров дар вазни 55 кг ва Ҳоҷиқурбон Маҳмадов дар вазни 52 кг сазовор шуданд.
Ғайр аз ин дар ин давра мунтахаби тоҷик дар чемпионати Осиёи Марказӣ баромад намуданд ва чор медал ба даст оварданд.