Панҷ медали варзишгарони тоҷик дар Эрон. Дар риштаи каратэ

© Sputnik / Антон Денисов / Гузариш ба медиабонкМусобиқаи каратэ. Акс аз бойгонӣ
Мусобиқаи каратэ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Варзишгарони тоҷик аз мусобиқаи катарэ, ки дар Эрон баргузор шуда дар он намояндагони 29 кишвари ҷаҳон байни ҳам рақобат карданд, бо як медали тилло, як нуқра ва се биринҷӣ баргаштанд.

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Дар Теҳрон яке аз муҳимтарин мусобиқаи мавсим дар риштаи каратэ-қаҳрамонии ҷаҳон миёни калонсолон ва ҷавонон баргузор гардид.

Дар сабқати байналмиллалӣ наздики 400 варзишгар аз 30 кишвари ҷаҳон ширкат варзида, дар вазнҳои гуногун ва рақобати тан ба тан байни ҳам мубориза бурданд.

Чемпионҳои нави Тоҷикистон оид ба каратэ-до WKF муайян гардиданд

Варзишгарони тоҷик низ дар мусобиқа ширкат карда соҳиби панҷ медал-як медали тилло, як нуқра ва се нишони биринҷӣ шуданд. Мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мураббӣ Муҳаммад Бодаков баромад кард.

Медали тиллоро Шероз Икромов дар вазни 84 кг ба даст оварда, Сафаралӣ Давлатов дар вазни 67 кг соҳиби нишони нуқра шуд. Гирандагони медалҳои биринҷӣ-Бадриддин Умедов (+84), Мурод Назаров (16-17 сола, 55 кг) ва Ҳоҷиқурбон Маҳмадов (16-17 сола, 52 кг) гардиданд.

"Мунтахаби мо дар мусобиқаи бонуфузи байналмиллалӣ соҳиби медалҳо гардид, ки албатта боиси хушбахтии ҳайати мураббиён аст. Офарин ба ҳамаи варзишгарони мо. Ин сабқат яке аз муҳимтарин мусобиқаҳои имсола буд. Мавсими варзишӣ ҳоло ба итмом нарасидааст-дар пеш моро боз сабқатҳои дигари муҳим интизор аст",-гуфт Муҳаммад Бодаков.

Қаблан мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиёи Марказӣ иштирок карда соҳиби чор медал-як медали нуқра ва се нишони биринҷӣ гардид.

Лентаи хабарҳо
0