Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷикро бо Рӯзи забон табрик гуфт

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон халқи тоҷикро бо Рӯзи забон табрик кард. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷикро бо Рӯзи забон табрик кард. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотии худ бахшида ба Рӯзи забон таъкид кард, ки нақши ВАО бояд дар покиза нигоҳ доштани забони давлатӣ назаррас бошад.

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолааш бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ даъват кард, то дар густариши ҳарчи бештари забон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт, ҳифзу нигаҳдошти асолату покизагии забони давлатӣ аҳлона талош карда шавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

"Дар ин кор саҳми воситаҳои ахбори омма бояд назаррас бошад ва масъулони он ба покизагии забон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, зеро воситаҳои ахбори омма оинаи пурҷилои забони миллӣ маҳсуб меёбанд",-изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Рӯзи забон ҳамасола санаи 5 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Конибодом. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон: падару модарон бояд аз хурдсолӣ ба тарбияи фарзандон машғул шаванд

Дар баробари ин президенти кишвар таъкид намуд, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ягона роҳи ҳифзи мерос, талоши ҳарчи бештар мустаҳкам намудани пояҳои муқаддасоти миллӣ мебошад.

"Бинобар ин, саъю талош барои эҳёву рушд ва корбасти забони миллӣ ба ҳайси забони давлатӣ ва ҳатмӣ гардонидани риояи он дар тамоми ташкилоту муассисаҳои кишвар як амри комилан қонунӣ ва ниҳоят муҳим мебошад",-гуфт президенти ҶТ.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон тамоми мардуми тоҷикро бо ин ҷашни бузург табрик гуфта барои ҳар хонадони тоҷик суботу оромиро таманно кард.

Лентаи хабарҳо
0