ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мактаби рақами 34 дар шаҳри Кӯлоб таъкид кард, ки падару модарон бояд ба тарбияи фарзанд аз хурдсолӣ машғул шаванд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.
Президенти Тоҷикистон аз сатҳи пасти дохилшудагони шаҳри Кӯлоб ба макотиби олии кишвар изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуд, ки омӯзгорон ва масъулини соҳаи маорифи шаҳр бояд фаъолияти худро дар ин самт боз ҳам тақвият бахшида, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таълим мунтазам кӯшиш намоянд.
"Падару модарон низ вазифадоранд, ки ба таълиму тарбияи фарзандони худ нафақат дар давраи омодагӣ ба имтиҳоноти дохилшавӣ, балки аз хурдсолии онҳо машғул шаванд, яъне ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон ҷиддӣ муносибат кунанд ва барои босаводу соҳибмаърифат шудани онҳо ҳеҷ чизро дареғ надоранд",-гуфт президент зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мактаб.
Бино ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон кормандони соҳаи маорифро вазифадор кардааст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо ҷалби ҳарчи бештари падару модарон ва фаъолону зиёиён корро дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" беҳтар ба роҳ монанд.
"Фарзандони худро тавре тарбия намоем, ки ба омӯхтани илму дониш майлу рағбати доимӣ дошта бошанд ва ҳамчун насли соҳибмаърифату забондон, дорои ҷаҳонбиниву тафаккури васеъ ва мисли падару бобоёни шарафманди худ шахсони ватандӯсту ватанпараст ба воя расанд".
Дар фарҷом, раисҷумҳури Тоҷикистон мардуми Кӯлобро ба ифтихори биступанҷсолагии соҳибистиқлолии кишвари азизамон ва Рӯзи забони давлатӣ, инчунин, ба муносибати ифтитоҳи мактаби нав табрик гуфта, барояшон бахту саодат, рӯзгори обод таманно кард.