ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik.Дар Душанбе вохӯрии котибони шӯроҳои амнияти Тоҷикистону Русия — Николай Патрушев ва Абдураҳим Қаҳоров баргузор шуд.
"Ҳамсӯҳбатон қайд карданд, ки ба хотири пешгири намудани таҳдидҳои паҳнгардии ташкилотҳои байнидавлатии террористӣ дар кишварҳои осиёмиёнагӣ бояд тамоми имкониятҳоро истифода бурд —ҳам ҳамкории байни Тоҷикистону Русияро ва ҳам ташкилотҳои байналмиллалиро чун СПАД, СҲШ ва ИДМ",- хабар медиҳад хадамоти матбуоти дастгоҳи Шӯрои амнияти ФР.
Тарафҳо қайд карданд, ки барои пешгирӣ намудани паҳншавии терроризм бояд аз ҳамаи имкониятҳои СПАД, СҲШ ва ИДМ истифода бурд.
Иштирокдорони машварат аҳамияти махсуси баргузор намудани ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, шӯрои вазирони мудофиа ва кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СПАД, ҳамчунин ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, ки санаи 14-уми октябр дар Ереван баргузор мешавад, қайд карданд.
Ғайр аз ин, Патрушев ва Қаҳоров ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳоро дар мубориза зидди терроризми байналмиллалӣ, масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкориҳо оид ба танзим даровардани ҷараёни муҳоҷират, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ муҳокима намуданд. Қайд карда мешавад, ки ҳамчунин тарафҳо роҳҳои баланд бардоштани сифати ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбию техникро дида баромаданд.
"Ҳангоми сӯҳбат котибон ба вазъияти Афғонистон ва таъсири он ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти махсус доданд. Ҷонибҳо қайд намуданд, ки дар ҳудуди Афғонистон ташкилотҳои террористии байналмиллалӣ фаъолият мекунанд. Вобаста ба он масъалаҳои ҳимояи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон боло бардошта шуд",- қайд карда мешавад дар хабар.
Дар охири сӯҳбат Патрушов ба Қаҳоровро ба Вохӯрии чоруми котибони шӯрои амнияти кишварҳои аъзои ИДМ, ки санаи 16-17 ноябр дар Маскав баргузор мешавад, даъват намуд.
Аз ҷониби Русия дар машварат намояндагони ВКХ ФР, Вазорати мудофиаи ФР, ВКД ФР, кормандони роҳбарияти президенти ФР ва дастгоҳи Шӯрои амнияти ФР иштирок доштанд. Аз Тоҷикистон-намояндагони Вазорати мудофиа, ВКД, ВКХ, Вазорати меҳнат, кормандони дастгоҳи Шӯрои амнияти кишвар ширкат намуданд.
Мувофиқи хабари хадамоти матбуот, Патрушев ва Қаҳҳоров Нақшаи ҳамкориҳои дастгоҳҳои амнияти ФР ва Тоҷикистонро тӯли солҳои 2017-2018 ба имзо расониданд, ки дар он масъалаи ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳои таъмин намудани амнияти миллӣ, минтақавӣ ва байналмиллалӣ оварда шудааст.