Котиби Шӯрои амнияти ФР ва Тоҷикистон масъалаҳои амниятро муҳокима мекунанд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкКотиби Шӯрои амнияти ФР Николай Патрушов. Акс аз бойгонӣ
Котиби Шӯрои амнияти ФР Николай Патрушов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кишварҳо ба нақша гирифтаанд, ки ба мақсади мубориза зидди таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ масъалаҳои баланд бардоштани сифати ҳамкириҳои дуҷонибаро муҳокима мекунанд.

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳоров ва ҳамкасби вай аз Русия Николай Патрушев рӯзи сешанбе дар шаҳри Душанбе дар масъалаи амният машварат барпо мекунанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Шӯрои амнияти ФР.

"Ҷонибҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон санаи 4-уми октябр дар Душанбе дар масъалаи аминят машварат баргузор мекунанд. Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Николай Патрушев ва котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳми Қаҳоров машварати мазкурро сарварӣ хоҳанд кард ",- омадааст дар хабар.

Мувофиқи маълумотҳои хадамоти матбуот кишварҳо ба нақша гирифтаанд, ки ба мақсади мубориза зидди таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ масъалаҳои баланд бардоштани сифати ҳамкириҳои дуҷонибаро  муҳокима мекунанд.

Дар машварат бо ширкати намояндагони вазоратҳо ва раёсатҳои ду кишвар нақшаҳои ҳамкориҳои дастгоҳҳои Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва Русия пешбинӣ карда мешавад.

 

Лентаи хабарҳо
0