ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Зимни вохӯрӣ президенти кишвар аз дастгириҳои БОР изҳори қаноатмандӣ карда, ба ҳамкориҳои судманди минбаъдаи он изҳори умедворӣ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.
Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирии Бонк дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, буҷети давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ, рушди бахши хусусӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок изҳори қаноатмандӣ кардааст.
Дар идомаи вохӯрӣ президент таъкид дошт, ки тӯли солҳои ҳамкорӣ Бонк тақрибан 1,5 миллиард доллар ба бахшҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон маблағгузорӣ намуд ва лоиҳаҳои фаъоли он ба маблағи зиёда аз 785 миллион доллар дар соҳаҳои гуногун амалӣ шуда истодааст.
"Вобаста ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ва таъсири бӯҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ пешниҳод гардид, ки ҳаҷми маблағгузорӣ дар намуди маблағҳои имтиёзноки грантӣ аз ҷониби Бонк мавриди баррасӣ қарор дода шавад",-омадааст дар хабарнома.
Чунин як пешниҳоди судманди дигар дар робита ба таҷдиду барқарорсозии Нерӯгоҳи барқии обии Норак, инчунин ворид кардани Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Қӯрғонтеппа-Данғара-Кӯлоб ва Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Ваҳдат-Ҷиргатол-Қарамиқ дар соли 2017 ба Нақшаи индикативии маблағгузории Бонк барои солҳои 2016-2018 ба миён гузошта шуд
Бино ба иттилои манбаъ дар умум ҷонибҳо зимни мулоқот вобаста ба имкониятҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ дар беҳтарсозии таъмини энергетикиву инфрасохтори нақлиётӣ ва рушди бахши хусусӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ, тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ, тағйирёбии иқлим ва бехатарии озуқаворӣ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.