Нависандаи рус Рӯдакиро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард

© Sputnik / Сергей Кузнецов / Гузариш ба медиабонкНависанда Андрей Волос. Акс аз бойгонӣ
Нависанда Андрей Волос. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нашриёти ҷадиди романи “Бозгашт ба Панҷрӯд” дар арафаи “Рӯзи Рӯдакӣ”, ки шурӯъ аз соли 2002-юм инҷониб ҳамасола дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, аз чоп баромад.

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Бахшида ба "Рӯзи Рӯдакӣ", ки ҳамасола дар Тоҷикистон санаи 22 сентябр таҷлил карда мешавад, нависандаи рус Андрей Волос китоберо, ки дар бораи шарҳи ҳоли ин шоири бузугри асримиёнагӣ нақл мекунад аз чоп баровард.

Чуноне хадамоти матбуоти вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ менависад, сухан дар бораи романи "Бозгашт ба Панҷрӯд" меравад.

Нашриёти ҷадид аз китоби қаблӣ бо он фарқ мекунад, ки муаллиф ба он каме тағйирот ва иловаҳо дохил намудааст. нашриёти нав ба ӯ имкон дод, то шарҳи ҳоли ин бузургмардро аниқтар ба тасвир диҳад.

"Ин китоб-тавсифи ҳазорсолаи адабиёти классики тоҷик мебошад",-омадааст дар хабарнома.

Муҷассамаи Рӯдакӣ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳама аз Рӯдакӣ мегӯянд

Андрей Волос дар шаҳри Душнабе ба дунё ва ба воя расидааст. Ӯ солҳои 1990-ум ба Маскав омада,ишқи Тоҷикистонро дар дилаш парвардааст. Бо эҷодиёти худ ӯ ҳамеша кӯшиш мекунад, то фарҳанги бойи Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.

Андрей Волос тавонистааст, ки образи нави Рӯдакиро офарад. Ӯ мегӯяд, ки романи ӯ ба ягон маълумотҳо ва далелҳои таърихӣ баҳс карданӣ нест.

Соли 2013 романи "Бозгашт ба Панҷрӯд" соҳиби ҷоизаи "Русский Букер" гардид.

Лентаи хабарҳо
0