ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik.Дар фурудгоҳи "Калуга" терминали парвозҳои байналмиллалӣ бунёд мегардад, хабар медиҳад ВАО-и маҳаллӣ бо истинод ба сарвари бандари ҳавоӣ Салават Кутушев.
Интизор меравад, ки ҳафт ширкати ҳавоӣ парвозҳоро ба амал меоранд. Ҳамин тавр, тайёраҳо метавонанд ба самтҳои шаҳрои Русия, Арманистон, Белорус, Тоҷикистон ва Олмон парвоз кунанд.
Кутушев бобати зиёда аз 20 хатсайр- дар даврони тирамоҳи ва зимистонӣ ва дар навбари тобистона, хабар дод, ки қисме аз онҳо ҳоло ташкил шуда истодаанд.
Вай қайд кард, ки сабаби ташкил шудани терминали нав дар талаботи ташкили нуқтаҳои убури доимии марз мебошад.
Ғайр аз ин, чуноне ки роҳбари фурудгоҳ эълон дошт, агар лозим шавад "Калуга" метавонад ба реҷаи кории шабонарӯзӣ гузарад ва барои маркази авиатсияи Маскав як фурудгоҳи мукаммали алтернативӣ шавад.
Бояд қайд кард, ки терминали нав дар Калуга дар рушди фаъоли кластери саноатӣ дар Калуга муҳим аст. Ҳоло дар ин ҷо якбора якчанд модели Volkswagen тайёр мекунанд.
Пештар хабар дода шуд, ки ширкатҳои ҳавоии Русия иҷозат гирифтаанд, ки ба Тоҷикистон ба воситаи фурудгоҳи нав дар ноҳияи Жукови вилояти назди Маскав парвоз кунанд.
Ғайр аз ин,аз санаи 20-уми июли ҳамин сол сар карда парвози ширкати ҳавоии "Уральские авиалинии" ба Тоҷикистон манъ карда шудааст.