ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik.Раисони шаш вилоятҳои Ӯзбакистон ва Қирғизистон ба хулоса омаданд, ки ҳар моҳ бо ҳамдигар во хӯрда, дар бораи мушкилиҳои мубрами минтақаҳои наздисарҳадӣ сӯҳбат мекунанд, хабар дод рӯзи душанбе хадамоти матбуоти ҳукумати Қирғизистон.
Мувофиқи маълумотҳои хадамоти матбуот рӯзҳои истироҳти омадаистода ҳайъати Қирғизистон бо роҳбарии муовини сарвазир Муҳаммедқалим Абдуғозиев бо даъвати ҷониби Ӯзбакистон ба Андиҷон омаданд. Дар чорчӯбаи сафар намояндагони ҳайъат ба мактаби рақами 10-уми ниҳояи Хоҷаобод, Донишгоҳи давлатии Андиҷон ва коргоҳи истеҳсоли автомобилии Асака ташриф оварданд. Ҳамчунин ҳайъат бо қирзони таҳҷоии Ӯзбакистон вохӯрӣ доир намуданд.
"Мувофиқи натиҷаҳои сафар байни вилоятҳои ду кишвар ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расид. Аз ҷумла ёддошти тафоҳумро раиси вилояти Ош, Баткент, Ҷалилободи Қирғизистон ва вилоятҳлои Андиҷон, Фарғона ва Намангони Ӯзбакистон ба имзо расониданд",- хабар медиҳад хадамоти матбуот.
Раисони шаш вилоят ба хулоса омаданд, ки ҳар моҳ бо ҳам во мехӯранд ва мушкилиҳои истиқоматкунандагони вилоятҳои наздисарҳадиро баррасӣ мекунанд.
Ба нақша гирифта шудааст, ки дар фурсати наздик ҷониби Ӯзбакистон низ ба кишвари ҳамсоя сафари ҷавобӣ ташкил медиҳад. Дар ҳукумат боварӣ доранд, ки ин вохӯрӣ дар оянда барои рушди ҳамкориҳои кишварҳои ҳамсоя муфид хоҳад буд.
Пас аз пошхӯрии ИҶШС қариб аз чор се ҳиссаи сарҳади Ӯзбаикстон ва Қирғизистон аз худ карда нашудааст, ки сабабгори хархаша дар байни ин ду кишвар мешавад. Се соли охир дар сарҳади ин ду кишвар якчанд ҳодисаҳо бо истифодаи яроқ ба амал омад.
Солҳои охир муносибати ин ду кишвар хуб набуданд. Охири моҳи август дар минтақаи баҳсноки Ӯзбакистон ва Қирғизистон дар ноҳияи бурҷи телевизионии Қирғизистон дар кӯҳи Унгар-Тоо бо чархбол кормандони ВКД Ӯзбакистон поён фаромаданд. Онҳо 4 нафар кормандони истгоҳи радиои Қирғизистонро боздошт намуданд ва танҳо пас аз 3 ҳафта озод карданд. Пасон Ӯзбакистон ва Қирғизистон даврвозаҳои сарҳадии ҳамаи ноҳияҳои наздисарҳадии хешро ба рӯи ҳамдигар бастанд. Ҷониби Ӯзбакистон талаб намуданд, ки Қирғизистон аз атрофи обанбори Орто-Токойск постгоҳҳои полиси худро бардорад.
Обанбор дар ҳудуди Қирғизистон ҷой гирифтааст, аммо аз даврони Иттиҳоди Шӯравӣ аз он Ӯзбакистон истифода мебурд. Имсол ҳукумати Қирғизистон қарор қабул кард, ки обанбор ба истифодаи кишвар дода шавад. Ин мушкилиро танҳо пас аз гуфтушунидҳо дар тӯли як моҳ ҳаллу фасл намуданд.