Пас аз низоъ: Бишкек ва Тошканд дубора сарҳадҳои худро боз намуданд

© Sputnik / Табылды КадырбековСарҳадбони қирғиз. Акс аз бойгонӣ
Сарҳадбони қирғиз. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пештар дар ҳудуди баҳсноки сарҳади Ӯзбакистон ва Қирғизистон ба воситаи чархбол кормандони ВКД Ӯзбакистон фуруд омаданд. Онҳо 4 нафар корманди истгоҳи радиои Қирғизистонро дастгир намуданд ва танҳо пас аз се ҳафта озод карданд.

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Нуқтаи назорати сарҳадӣ пас аз танзими баҳси сарҳадии байни Ӯзбакистон ва Қирғизистон  дар ҳудуди наздикӯҳиии Унгар-Тоо дубора ба  рафтуомади шаҳрвандон иҷозат дод.

"Шурӯъ аз нуздаҳуми сентябр нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатии Қирғизистон ва Ӯзбакистон  дар реҷаи муқаррарӣ ба кори худ оғоз намуданд",- хабар медиҳад дафтари матбуоти Хадамоти давлатии сарҳадии Қирғизистон.

Бишкек: барои ҳалли баҳси марз бо ҳамсоя санад дорем

Мувофиқи маълумотҳои хадамоти матбуоти раисҷумҳури Қирғизистон рӯзи шанбе иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президенти Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев ва президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев вобаста ба ин мавзӯъ сӯҳбати телефонӣ доир намуданд. Пас аз он ҷониби Ӯзбакистон аз ҳудуди Унгар-Тоо кормандони ВКД-ро бозпас гирифт.

Санаи 22-уми августи ба қаламрави баҳсноки сарҳади Ӯзбакистон ва Қирғизистон ба воситаи чархбол кормандони ВКД Ӯзбакистон фуруд омаданд. Онҳо 4 нафар корманди истгоҳи радиои Қирғизистонро дастгир намуданд ва танҳо пас аз се ҳафта онҳоро озод карданд.

Ӯзбакистон ва Қирғизистон пас аз он тамоми нуқтаҳои сарҳадии худро ба рӯйи ҳамдигар бастанд. Ҷониби Ӯзбакистон талаб намуд, ки аз ҳудуди обанбори Орто-Токой постгоҳҳои полиси Қирғизистон бардошта шавад. Обанбори мазкур дар қаламрави Қирғизистон ҷойгир шудааст, аммо аз даврони Иттиҳоди Шӯравӣ Ӯзбакистон аз он истифода мебарад. Имсол ҳукумати Қирғизистон қарор қабул намуд, ки Орто-Токой ба истифодаи кишвар дода шавад.

Масоҳати умумии Унгар-Тоо(дар забони қирғизӣ Унгур-Тоо) 45 гектарро ташкил медиҳад. Соли 2013 ҷониби Ӯзбакистон хост, ки дар ин ҳудуд нуқтаи гузаргоҳи сарҳадии худро ташкил диҳад ва аз ҳамин сабаб байни ин ду кишвар низои байнисарҳадӣ ба амал омад. Он вақт тарафҳо масъалаи мазкурро бо роҳи  осоишта  ҳал намуданд ва истогҳи радиоии "Кербен"  кори худро давом дод.

Пас аз пошхӯрии ИҶШС қариб чоряки ҳудудҳои байнисарҳадии Қирғизистону Ӯзбакистон азхуд карда нашудааст, ки мудом манбаи хархашаи байни ин ду давлат мегардад. Даҳ соли охир дар ин ҳудуд даҳҳо маротиба задухӯрдҳои сарҳадӣ бо истифодаи яроқ ба амал омадааст. Пас аз он ки соли 2015 Ҷумҳуриии Қирғизистон аъзои Иттиҳоди АвруОсиё гардид, сарҳади ҷумҳурӣ  ба қисми ҷанубии иттиҳодияи ҳамгироӣ табдил ёфт.

Лентаи хабарҳо
0