Дзюдочии ҷавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён оила барпо намуд

© Фото : Официальная страницаКомроншоҳи Устопириён. Акс аз бойгонӣ
Комроншоҳи Устопириён. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Падари варзишгар то саршаваии Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Женейро ба ин маъракаи хурсандӣ тайёрӣ медид. Ба муносибати бозгашти Устопириён хонадони ӯ сурур барпо намуданд.

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Дзюдочии машҳури тоҷик Комроншоҳи Устопириён никоҳи қонунӣ баст.

Хотиррасон мекунем, ки пеш аз саршавии Бозиҳои олимпӣ- 2016 дар Рио падари варзишгар Устопир Устопиров гуфта буд, ки пас аз Бозӣ мехоҳад писарашро оиладор кунад.

Медали нуқраи Комроншоҳи Устопириён дар Гран-прии Тошканд

Сарфи назар аз натиҷаҳои РИО-2016 тӯй бояд баргузор мешуд. Ана акнун, ки Бозиҳо дар Рио ба охир расиданд, дар хона, дар вилояти Суғд ба ин тантана тайёриҳо сар шуданд. Ҳамин тавр ҳафтаи гузашта варзишгари машҳури тоҷик оиладор гардид.

Ёдовар мешавем, ки Комроншоҳи Устопириён 7-уми январи соли 1993 дар ноҳияи  Мастчоҳи Кӯҳии вилояти Суғд таваллуд шудаст. Соли 2015 факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм намудааст. Аз соли 2012 сар карда  бо дзюдо машғул мешавад, пештар машғули  самбо низ гашта буд. Аввалин мурабии ӯ — падараш Усто Устопиров буд  ва пасон бародараш Фаридун Устопиров бо вай машқ мекард. Ҳоло бо роҳбарии Владимир Николаевич Елчанино — устоди варзиши сатҳи байналмиллалӣ тамрин мекунад.

Дасовардҳо: соли 2013 дар Киёв дар Ҷоми Аврупо ҷойи аввалро ба даст овард, дар Ҷоми Владимир Путин соли 2013 дар Хасавюрт(Доғистон)- ҷойи саввум, дар Мукофоти олӣ(Гран-при) дар Алмато ҷойи севвум, дар Гран-при дар Тошканд ҷойи сеюм, соли 2014 дар Ҷоми Осиё дар Тайван- ҷойи дуввум, дар 27-умин Бозиҳо Осиё дар Инчхон(Кореяи Ҷанубӣ, 2014)- ҷойи панҷум, дар Гран-при дар Остона(соли 2014)- ҷойи якум,  соли 2015 дар Чемпионати Осиё дар Қувейт ҷойи саввум, соли 2015 дар Ҷоми Осиё дар Тайван ҷойи дуввум,  дар чемпионати ҷаҳон дар Остона (соли 2015) ҷойи панҷум, дар Гран-при дар Тошканд ҷойи дуввум, соли 2016 дар Чемпионати Осиё дар Тошканд ҷойи якум.  Ҳамчунин Комроншоҳ ғолиби бисёркаратаи мусобиқаҳои байналмиллалӣ дар самбо мебошад.

Дар Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Женейро варзишгари тоҷик ба давраи ниҳоии  1/8  баромада натавонист. Ӯ дар ин мусобиқаи тан ба тан, ба ҳарифи гурҷиаш Варлам Липартелиан гузашт кард.

Лентаи хабарҳо
0