Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистонро баъди 15 сол чӣ гуна мебинад

Обуна шудан
Ҳукумати кишвар лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистонро барои 15 соли оянда қабул намуд, ки яке аз ҳадафҳои муҳими он аз байн бурдани сатҳи камбизоатӣ мебошад.

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik.  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумати кишварро баргузор кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

Дар кори маҷлис лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул карда шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки ҷиҳати муҳайё намудани зиндагии шоистаи мардум дар лоиҳа қадамҳои устувор пешбинӣ шудааст: аз ҷумла рушди неруи инсонӣ, рақобатпазирии бахши иқтисод бо сатҳу сифати баланд, саҳми саноат дар рушди Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, аз кишвари аграрӣ ба индустриалӣ — аграрӣ табдил додани кишвар, се баробар аз 17 то 45 миллиард соат боло бурдани иқтидори энергетикии ҷумҳуриро, номбар кард.

Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд. Шаҳри Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Хизматҳои шоёни Эмомалӣ Раҳмон дар 1000 сомонӣ дарҷ мегардад

Маълумотнок кардани аҳолӣ, боло бурдани сатҳи дарозумрии аҳолӣ, кам кардани шумораи фавти модару кудак, беҳтар кардани шароити зиндагӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва бо шуғл фаро гирифтани мардум, устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои рушди микро ва макроиқтисодии кишвар, аз омилҳои дигари татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маънидод гардид.

Таъкид гардид, ки барои пурра ноил гардидан ба ин стратегия дар назди давлату ҳукумати кишвар ва ниҳодҳои он як қатор вазифаҳои муҳим меистад. Дар амал татбиқ кардани се самти стратегии мамлакат-- баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа дар ин самт аст.

Дар охир баъди баррасии пурраи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон бобати иҷрои масъалаҳои баррасишуда ва дигар тадбирҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини ҳукумат ва вазорату идораҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Лентаи хабарҳо
0