ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Шаҳрвандони Узбакистонро мебояд аз ин ва баъд дастурҳои истифодаи доруҳоро қабл аз истеъмоли ҳаб бодиққатона хонанд.
Дар қароре, ки дар торномаи вазорати тандурустии Узбакистон нашр гардидааст, навишта шудааст, ки дар ҷумҳурӣ тартиби нави таъиноти ҳабҳои табобатӣ ва ҳамчунин баромадан ба рухсатии меҳнатӣ дар асоси таъиноти доруҳо ҷорӣ карда мешавад.
Минбаъд табиб ӯҳдадор нест, ки вақти истифолдаи доруҳоро зикр намояд. Яъне кормандони беморхонаҳо, духтурон аз ин ва баъд ӯҳдадор нестанд, ки ҳангоми таъинот вақти истифодаи дору ва бо кадом навъи ғизо фурӯ бурдани онро фаҳмонанд.
Ёдовар мешавем, ки чун анъана табибон ҳангоми таъиноти дору ба беморон вақти истифодаи он-яъне қабл аз хӯрок ва ё баъди хӯрокро гуфта медиҳанд.
Дар баробари ин ба духтурони доруфурӯш дастур дода шудаст, ки дар навбати аввал ба мизоҷон доруҳои истеҳсоли ватаниро пешниҳод намоянд.