Дар Тоҷикистон истеҳсоли новокаин ва метронидазол ба роҳ монда мешавад

© Sputnik / Евгений Самарин / Гузариш ба медиабонкДоруворӣ. Акс аз бойгонӣ
Доруворӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои ба роҳ мондани фаъолияти истеҳсолӣ як соҳибкори ватанӣ аз шаҳри Турсунзода 30 млн сомони сарф кардааст

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзҳои наздик истеҳсоли зиёда аз 15 навъи доруворӣ ба роҳ монда мешавад.

Ба иттилои Вазорати саноат ва техналогияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба рӯйхати доруҳои истеҳсолшаванда моеъҳои новокаин, рингер, натрий хлорид, глюкоза, трисол, манит, реоплиглюкин ва метронидазол дохил мешаванд.

ҶДММ "Вежа фармасевтикал"-и шаҳри Турсунзода, ки ин фаъолиятро ба роҳ мемонад, аллакай ба корхона бо нархи 30 млн сомонӣ таҷҳизоти лозимаи технологиро аз Украина ва Чин ворид намудааст.

"Барои шурӯи кор ҷамъият шаҳрвандони ҷумҳуриро барои таҷрибаомӯзӣ ба Украина, Россия ва Чин фиристод. Интизор меравад, ки дар марҳилаи аввал ба кор то 110 нафар ҷалб карда мешаванд. Аммо баъдтар, вақте корхона бо иқтидори пурра фаъолияташро ба роҳ мемонад, теъдоди кормандон ба 150 нафар расонида мешавад", — гуфта мешавад дар сомонаи вазорат.

Айни замон, тавре зикр мегардад, як бастаи озмоишии доруҳо аллакай истеҳсол шудааст.

Лентаи хабарҳо
0