ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Нашриёти "Ирфон" китоби нави сиёсатшинос Абдуллоҳ Раҳнаморо таҳти унвони "Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои миллат":: ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии масъала" чоп кард.
"Мардуми Тоҷикистон шахсияти Эмомалӣ Раҳмонро ба тадриҷ ҳамчун роҳбари тавоною пуртаҷриба ва ҳамчун Пешвои воқеии худ пазируфта, ин мафҳум ва ин мақом дар зеҳни ҷомеа пухта расида буд. Аз ин рӯ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» бештар нақши мақоми ҳуқуқӣ бахшидан ба ин воқеияти таърихиро дошт",- омадааст дар сарсухани китоби мазкур.
Ба навиштаи хабаргузории давлатии "Ховар", муаллифи асар номзади улуми сиёсӣ, сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии ҶТ Абдуллоҳи Раҳнамо мебошад. Дар саҳифаи аввали китоб шеъри ӯ бо номи "Ҷойгоҳи Ватан" ҷой дода шудааст.
Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои миллат» навиштаҳои таҳқиқотии Абдуллоҳи Раҳнамо дар ду фасл: "Ташаккули шахсияти Пешвои миллат: пажӯҳише дар дастовардҳои бунёдии Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон" ва "Пешвои миллат ҳамчун ниҳоди давлатдории миллӣ: баъзе ҷанбаҳои сиёсӣ ва назариявии мавзӯъ" гирд оварда шудаанд.