ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо рафти сохмони роҳи оҳане, ки се кишвар: Тоҷикистон, Туркманистон ва Афғонистонро мепайвандад, шинос шуд.
Бино би иттилои оҷонсии хабарии давлатии Туркманистон, дар ҳоли ҳозир дар қисмати роҳи Туркманистон дар роҳи Атомурод-Имомназар дар дарозии 85 километр корҳои сохтмонӣ оғоз гардидаанд. Дар 82,2 километрии роҳи оҳан омехтаи қуму шағал омода шуда, дар километри 82-юм бошад аллакай роҳи оҳан гузошта шудааст.
Дар қисмати Афғонистон шурӯъ аз сарҳади Туркманистон то истгоҳи Акин дар дарозии 3 км, омехтаи қуму шағал омода карда шуда, сохтмони ду истгоҳ: Гулистон ва Имомназар дар рафти анҷомёбист.
Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо рафти корҳои сохтмонӣ дар ду пули роҳи оҳан шинос шуд. Дар ҳоли ҳозир сохтмони қутбҳои оҳану бетонӣ ба анҷои расонида шудааст.
Ёддошт дар бораи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон моҳи марти соли 2013 аз ҷониби сарварони давлати се кишвар ба имзо расонида шуд. Дарозии роҳи оҳан 400 км-ро ташкил дода, он қисмати Отамурод-Имомназари Туркманистон, Акини Афғонистон ва Панҷи Поёни Тоҷикистонро бо ҳам мепайвандад. Арзиши умумии лоиҳа тақрибан 400 миллион долларро ташкил медиҳад.
Раванди сотмони ин роҳ тариқи Афғонистон ҳанӯз аз нимсолаи аввали соли 2014 инҷониб муҳокима мегардад.
Туркманистон аллакай сохтмони қисмати роҳи оҳани худро ба анҷом расонида, айни замон аз ҳисоби худ қисмати роҳи Афғонистонро то шаҳри Андхой бунёд карда истодааст.