Пойгоҳи низомии 201-ум барои артиши ҶТ афсарони хурдро омода мекунад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПойгоҳи низомии 201-уми ФР дар Душанбе
Пойгоҳи низомии 201-уми ФР дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини вазири дифои Русия ба вазири дифои Тоҷикистон ваъда додааст, ки Русия барои таҳким ва таъмини нирӯҳои мусаллаҳи ҶТ тамоми кӯмаки лозимро хоҳад расонд.

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Пойгоҳи низомии мавсум ба 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, ба омодасозии афсарони хурд барои артиши Тоҷикистон оғоз мекунад, иттилоъ медиҳад сомонаи Вазорати дифои Русия.

"Мо мӯътақидем, ки бо таҳкими Тоҷикистону таҳкими нирӯҳои мусаллаҳаш, мо амнияти Русияро таҳким мебахшем. Алтернативаи дигаре, ба ҷуз аз ҳамкорӣ ва рушди мушорикат надорем, чунки ҳам Тоҷикистон ва ҳам Русия дар рӯбарӯи айни чолишҳо қарор гирифтаанд…, дар заминаи пойгоҳи низомии 201-уми Русия мо ба омодасозии афсарони хурд барои артиши Тоҷикистон шурӯъ мекунем. Тайи яку ним моҳи давраи омӯзишӣ афсарони ояндаи тоҷик нозукиҳои касби ронандагии техникаи ҳарбиро аз бар хоҳанд кард",- иброз дошт Анатолий Антонов, муовини вазири мудофиаи Русия.

Муовини вазири дифои Русия Анатолий Антонов аснои мулоқоташ дар Душанбе, ки рӯзи 27-уми январ сурат гирифт, ба Шералӣ Мирзо вазири дифои Тоҷикистон ваъда додааст, ки Русия барои таҳким ва таъмини нирӯҳои мусаллаҳи ҶТ тамоми кӯмаки лозимро хоҳад расонд.

Мавзӯи таъмину таҳкими нирӯҳои низомиву амниятии Тоҷикистон дар пасманзари таҳаввулоте, чун хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон ва дигарбора сар баровардани таҳдиди ҷангиёни исломӣ  ва созмонҳои ифротие, чун "Давлати исломӣ", Ҳаракати исломии Узбакистон, Ансоруллоҳ ва амсоли ин, доғтар шудааст. Тоҷикистон бо Афғонистон, як манбаи асосии таҳдиди ҷангиёни исломӣ 1370 километр марзи мустақим дорад, ки қад-қади рӯди Омӯ(дар саргаҳаш — Панҷ) мегузарад ва бино бар релефи мураккаби аксаран кӯҳистониаш хуб ҳифозат намешавад.

Лентаи хабарҳо
0