Тоҷикистон сайёҳони Малайзияро бо мероси бузурги роҳи Абрешим ҷалб мекунад

Обуна шудан
Ба фикри сафири ҶТ дар Малайзия, ташкили сайёҳат дар ҷойҳои таърихии водии Ҳисор, Кӯлоб, Панҷакент ва дигар шаҳрҳои дорои мероси гаронбаҳо дар рушди сайёҳии кишвар нақши муҳим хоҳад дошт.

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Мероси таърии бузури Роҳи Абрешим ба Тоҷикистон имконоти зиёди рушди соҳаи сайёҳиро фароҳам меорад, хабар медиҳад портали Bernama.

Ба гуфти сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Муҳаммадӣ Музаффар Мунавварзода, роҳи тоҷирони Роҳи бузури Абрешим ҳам аз Тоҷикистон ва ҳам аз Малайзия мегузарад, ки барои сайёҳони ҳар ду кишвар ҳам шавқовар хоҳад буд.

"Бо боварии комил метавон гуфт, ки Тоҷикистон барои сайёҳони Малайзия метавонад яке аз ҷойҳои беҳтарини тамошобоб бошад",-изҳор дошт сафир.

Сафар ба Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Сайёҳ: маро дар Тоҷикистон бепул савор карданд ва ройгон сер карданд

Ба қавли ӯ бо ташкил намудани курсҳои сайёҳатӣ ба "марворидҳо"-и Тоҷикистон  чун Ҳисор, Кӯлоб, Панҷакент, Истаравшан ва Хуҷанд, ки то ҳол дар ин шаҳрҳо меросҳои меъмории асрҳои гузашта боқӣ мондаанд, метавон соҳаи сайёҳиро ба маротиб рушд дод.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 163,9 ҳазор сайёҳ сафар кардааст.

Сайёҳон ба буҷаи Тоҷикистон 81,9 миллион доллар фоида оварданд.

Роҳи бузурги Абрешим-роҳи корвонӣ буда, Осиёи Шарқиро бо Баҳри Миёназамин мепайвандад. Дар навбати аввал ин роҳ бо интиқол додани абрешим аз Чин вобаста буд, ки номаш низ аз ин ҷо пайдо шудааст. Роҳи Абрешим дар асри 2-и пеш аз мелод тариқи асосии тиҷорӣ гардида буд.

Лентаи хабарҳо
0