ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Сайёҳ худашро Виталий ё Серб гуфта муаррифӣ намуд. Санаи 27-уми июли соли 2015 Виталий Украинаро тарк карда рӯ ба Осиёи Ҷанубу Шарқ овард. Барои ҳамин ҳам, лоиҳаи хешро "Ба пешвози офтоб" унвон кард.
Сайёҳ аллакай 18 кишвари оламро гаштааст, аммо ӯ фахркунон мегӯяд, ки дар муддати сафари тӯлонии хеш фақат ду маротиба барои ҷойи хоб пардохт кардаасту халос. Ба гуфтаи вай одамони саховатманд дар олам хело бисёранд, танҳо инсон худаш бояд хоксор ва некӯ бошад.
Виталий мегӯяд, ки даҳҳо забонҳоро "аз худ кардааст" калимаҳои ман сайёҳ, хайма, пул надорам, раҳматро дар даҳҳо забони дунё метавонад истифода барад. Калимаҳои "Салом ва раҳмат"-ро бо даҳҳо забонҳои гуногуни дунё метавонад талаффуз кунад.
Шумо чӣ тавр ба Тоҷикистон расидед?
Аввалаш ин, ки Тоҷикистон дар сари роҳи ман ҷойгир шуда буд. Баъдан, дар бораи ин кишвар борҳо шунида будам, пештар ҳам мехостам, ки аз ин кишвар дидан намоям.
Пештар дар бораи Тоҷикистон маълумоти мусбӣ доштед ё манфӣ?
— Ҳар ду.
Барои ба ин минтақа рафтан наҳаросидед, охир мегӯянд, ки ин кишвар гуногун ва ихтилофнок аст?
— Ягон зарра. Беҳтарин кишвар аст. Ҳама ҷо оромист. Дар умум, пас аз ба Афғонистон ташриф овардан, ба назарам ҳама кишвар аз он ҷо оромтар аст. Вазъи Афғонистон дар ҳақиқат даҳшатнок буд.
Оё метавон дар ягон кишвар мутлақан бепул саёҳат намуд?
— Бовар мекунед, ҳаст. Ман дар ҷойе пул надодам. Баъзан пиёда роҳ мегаштам, баъзан автомашинаҳои назди роҳ маро мебурданд. Дар баробари ин дар ҳама ҷо бепул хӯрок медоданд. Фақат бо одамон хуб муносибат мекардам, бо ханда ва меҳрубонӣ.
Ғайр аз ин як ронанда маро ба ҷоям бурда монд ва ба замми ин 100 сомонӣ пул ҳам дод. Баъдтар ман он маблағро дар меҳмонхона барои вай-фай истифода бурдам.
Шумо дар Тоҷикистон ба чӣ гуна автомашинаҳо савор шудед?
— Асосан ман ба мошинҳои боркаше, ки тарбуз ва харбуза мекашониданд, савор мешудам. Онҳо қишлоқ ба қишлоқ мегаштанд. Як нафар ронанда хело марди аҷиб буд. Вақте ки мо ба ҷойи аҳолинишин расидем, ронанда бо овози баланд гуфт, ки ман сайёҳи машҳур мебошам ва меҳмонро бояд сер кунанд.
— Маро даррав ба сари дастархон даъват намуданд, аз ҳама ғизоҳои бомаззаро бароям пешниҳод намуданд. Дар ҳама ҷо гӯшт ва мева буд. Ман ҳеҷ вақт таклифашонро рад намекардам. Зеро онҳо одамони самимӣ буданд.
Шумо дар кадом шаҳрҳо будед?
— Дар Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Хоруғ, Лангар(шаҳрак- шарҳ аз идора) ва Мурғоб. Дар умум ман 10 рӯз дар Тоҷикистон будам.
Кадом минтақаи кишвар бештар ба Шумо писанд омад?
— Наметавонам, ки якеро болотар аз дигаре гузорам. Ман одамони хоксор ва меҳрубонро дар ҳама ҷои Тоҷикисто вохӯрдам, ки ба ман шабҳангом ҷойи хоб медоданд. Ман ҳатто хайма надоштам. Гуфтагӣ барин, онҳое, ки ба Тоҷикистон рафтанианд бояд донанд, ки риш дар он ҷо манъ карда шудааст. Ман бошам, вақти рафтан риши баланд доштам.
— Кормандони полис гуфтанд, ки сабаби манъ шудани риш таъмини бехатарии кишвар мебошад. Гӯё ки аъзоёни ДИ(фаъолияташ дар Тоҷикистон манъгашта "Давлати исломӣ") бо риш мегашта бошанд.
Кӯҳҳои Помир бароятон ҳайратангез буданд?
— Дар он ҷо табиати зинда аст. Ба ҳама тавсия медиҳам, ки ба Помир раванд. Ба ман гуфта буданд, ки барои ба он ҷойҳо рафтан бояд иҷозатномаи махсус бигирам, аммо ба ман омад кард.
Вақте мардум огоҳ мешуданд, ки ман сайёҳ ҳастам маро ба ҳама ҷо роҳ медоданд. Дар Помир ба ман як намуди нӯшокӣ- ширчой хело маъқул шуд. Ин нӯшокӣ аз шир ва чой тайёр карда мешавад. Хеле серғизо аст.
Наход ягон маротиба нороҳат нашуда будед?
— Ба фикрам, як маротиба буд — дар Искандаркӯл. Дар суратҳо он мавзеъ хело зебо аст. Аммо дар ҳақиқат, вақте ки ман рафтам обаш ифлос буд ва ранги аҷоиб дошт. Ба ман чунин шарҳ доданд, ки моҳҳои июн ба он аз кӯҳҳо об оҳаксанг мерезад.
Агар шумо фикр кунед, ки Тоҷикистон танҳо ба шаҳрвандони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шавқовар аст, хато мекунед. Ман Помирро ҳамроҳи шаҳрвандони Белгия ва Словения сайр намудам.