Брэд Питт барои истифодаи машрубот ва маводи мухаддир аз таҳлили тиббӣ гузашт

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкБрэд Питт, Акс аз бойгонӣ
Брэд Питт, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳунарманд аз сабаби тафтишоти муносибати дағалонаи вай бо писараш Мэддокс аз таҳлилҳои тиббӣ ихтиёран гузаштааст. Чунон ки пештар хабар дода буданд, пас аз ҷанҷол “гӯё пайи дасти падарро дар китфони писар ёфтанд”.

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ҳунарманди амрикоӣ Брэд Питт ихтиёран барои тафтиши машрубот ва маводи мухаддир аз таҳлили тиббӣ гузаштааст.

Пештар хабар дода шуд, ки ӯ дар вақти парвоз бо ҳамсараш Анҷелина Ҷолӣ ва фарзандонаш сахт асабӣ гашта, бо онҳо дағалона муносибат кардааст.

Бо супоридани таҳлилҳо, ҳунарманд хост нишон диҳад, ки вай ягон чизи пинҳон карданӣ надорад. Умуман ӯ мехоҳад ин масъаларо равшан намояд, то дар ин мавзӯъ ба муболиғаҳо роҳ надиҳанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба портали иттилоотии TMZ.

Анджелина Джоли ва Брэд Питт, Акс аз богйонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Брэд Питт: ман ғамгинам, вале беҳбудии фарзандонам аз ин муҳимтар аст

Пештар маълум гардид, ки Анҷелина Ҷолӣ ҳуҷҷатҳояшро барои ҷудо шудан пешниҳод намудааст ва сабаби онро дар "якдигарнофаҳмӣ" нишон додааст. Ҳамчунин ҳунарпеша аз суд хоҳиш намудааст, ки 6 фарзанди онҳо бо вай монанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Питт ҳуқуқи аз фарзандон хабар гирифтанро дорад ва ӯ васии қонунии онҳо боқӣ мемонад.

Бред Питт ва Анҷелина Ҷолӣ яке аз ҳунармандони гаронарзиши Ҳолливуд ба ҳисоб мераванд. Онҳо пас аз солҳои зиёди зиндагонӣ бо ҳам  соли 2014 расман оила барпо карданд. То дер дар  Ҳолливуд ин ду ҳунарманди серфарзандро ҷуфти намунавӣ мешумориданд. Дар умум ҳунармандон шаш фарзанд доранд ва онҳо фарзандхонӣ ҳам кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0