Дастури президент барои сохтани роҳ ва зиёд намудани шумораи квотаҳо

© Пресс-служба президента Таджикистана / Гузариш ба медиабонкЭмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи маркази фарҳангӣ-таърихии Истиқлол дар шаҳри Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи маркази фарҳангӣ-таърихии Истиқлол дар шаҳри Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз сӯҳбату мулоқоти судманду самимӣ доир намуд.

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Дарвоз бо фаъолони ҷамоати деҳоти Сағирдашт  сӯҳбат карда ба вазоратҳои дахлдор ҷиҳати сохтани роҳ ва зиёд намудани шумораи квотаҳо супориш дод, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Тавре маълум аст, дар фасли зимистон роҳи мошингарди Ҷамоати деҳоти "Сағирдашт" ба маркази ноҳия тавассути ағбаи Хобуробод ба муҳлати шаш моҳ баста мешавад.

"Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати ҷудо намудани техникаву таҷҳизоти роҳсозӣ дастур дод ва Вазорати нақлиёти кишварро вазифадор кард, ки ҷиҳати бунёди шоҳроҳи Душанбе — Тавилдара — Қалъаи Хумб тавассути маркази деҳоти Сағирдашт пешниҳодҳои асоснок манзур намоянд",-омадааст дар хабарнома.

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ. 28 июли соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон: меҳмоннавозӣ яке аз хислатҳои беҳтарини сокинони Дарвоз аст

Бино ба иттилои манбаъ аснои суханроӣ ҳамчунин раисҷумҳури Тоҷикистон роҳбарони Вазорати маориф ва илм ва дигар сохтору мақомотро супориш дод, ки шумораи квотаи президентиро барои фарзандони сокинони деҳоти Сағирдашт боз ҳам зиёд намоянд.

Ҳамчунин қайд мегардад, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни  суханронӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои рушди чорвопарварӣ, равнақ додани дигар бахшҳои соҳаи кишоварзӣ, беҳтар намудани вазъи роҳҳои мошингард ва ба роҳ мондани фаъолияти корхонаҳои нави саноатӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳот ҷалб кард.

Лентаи хабарҳо
0