Раҳмон: меҳмоннавозӣ яке аз хислатҳои беҳтарини сокинони Дарвоз аст

© Пресс-служба президента ТаджикистанаСафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ. 28 июли соли 2015
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ. 28 июли соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президент аснои мулоқот бо фаъолони ноҳияи Дарвоз гуфт, минбаъд бо бунёд кардани хатҳои нави интиқоли барқ шабакаҳои барқии ноҳияҳои Ванҷу Рӯшон ба шабакаи марказӣ пайваст мешаванд, ки иқдоми мазкур боиси боз ҳам беҳтар гардидани таъминоти сокинони ноҳияҳои зикршуда бо қувваи барқ хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Пас аз боздид аз ноҳияи Ванҷ ва ифтитоҳи чанд иншоот райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Дарвоз омада, бо сокинони он вохӯрӣ анҷом дод, менависад сомонаи президент.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ифтитоҳи маҷмааи ҷаҳонгардии "Ванҷи боло" аз ҷониби Раҳмон

"Меҳмоннавозӣ яке аз хислатҳои беҳтарини сокинони Дарвоз буда, аз қадимулайём ҳар нафаре агар ба меҳмонии мардуми Дарвоз меомад, ҳатман гармии қалби онҳоро эҳсос мекард",- иброз дошт Раҳмон.

Ба назари президент, Дарвоз ҳамчун як гӯшаи таърихии сарзамини аҷдодии тоҷикон аз замонҳои қадим бо урфу одат ва анъанаҳои нек, хушгуфторӣ ва меҳмондориву меҳмоннавозии сокинони худ шӯҳрати хосаро соҳиб гаштааст.

Ба дурнамои рушди минтақа ишора карда, президент афзуд, ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Дарвоз ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он тавассути таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ мунтазам тадбирҳои судманд меандешад.

"Бо ин мақсад дар солҳои 2012 — 2014 ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тараққиёти ноҳия ва ҳалли масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сохтмони иншооти нав, бунёду азнавсозии роҳҳои ҳудуди ноҳия ва дастгирии буҷети он 76 миллион сомонӣ харҷ гардидааст",- илова кард ӯ.

Президенти Тоҷикистон ба ВМКБ рафт

Гуфтанист, аз соли 2012 инҷониб дар қаламрави ноҳия се лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 130 миллион сомонӣ амалӣ мешавад, ки аз онҳо ду тарҳ аллакай татбиқ гардида, як лоиҳаи дигар дар ҳоли амалишавӣ қарор дорад.

Ҳамчунин, дар ин давра барои дастгирии буҷети ноҳия зиёда аз се миллион сомонӣ субвенсия ҷудо шудааст, ки 88 фоизи хароҷоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ташкил медиҳад.

Манбаъ менависад, танҳо дар зарфи солҳои 2013-2015 дар ҳудуди ноҳия 30 иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла, бинои Маркази омӯзиши ҳунарҳои дастӣ бо номи «Кохи бонувон» ба маблағи қариб 2 миллион сомонӣ, бинои истиқоматӣ якҷо бо филиали «Тоҷиксодиротбонк», биноҳои Комиссариати ҳарбӣ ва ҳифзи муҳити зист, коргоҳҳои дӯзандагӣ ва қолинбофию заргарӣ бунёд карда шудаанд, ки мо имрӯз онҳоро ба истифода супоридем ва санги асоси сохтмони бинои шӯъбаи маорифи ноҳияро гузоштем.

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳру навоҳии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дорад. Қарор аст райисҷумҳур ба Рӯшону Шуғнон ва маркази маъмури вилоят низ сафар кунад.

Лентаи хабарҳо
0