ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ оид ба рақобатпазирии иқтисодӣ барои солҳои 2016-2017 рейтинги худро нашр кардааст.
Тоҷикистон бо 4.1 хол аз байни 138 кишвари ҷаҳон дар мақоми 77-ум қарор гирифт. Мувофиқи нишондодҳои соли пешин Тоҷикистон дар ҷойи 80-ум буд.
Тибқи маълумоти Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мушкилоти асосие, ки боиси рушд накардани иқтисод дар кишвар мегарданд, андози баланд, беқурбшавии пул, дастрасӣ ба маблағгузорӣ, танзими қурби асъори хориҷӣ ва коорупсия мебошанд.Қазоқистон дар рейтинг мақоми 53-юмро аз худ карда,
Қирғизистон дар ҷойи 111-ум қарор дорад. Дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар раддабандӣ вуҷуд надоранд. Русия мақоми 43-юмро намояндагӣ мекунад.
Дар радабандии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ Шветсария пешсаф буда, баъди ин кишвар Сингапур, ИМА, Голландия ва Олмон қарор гирифтанд.
Тибқи маълумоти Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мушкилоти асосие, ки боиси рушд накардани иқтисод дар Тоҷикистон мегарданд, андози баланд, беқурбшавии пул, дастрасӣ ба маблағгузорӣ, танзими қурби асъори хориҷӣ ва коорупсия мебошанд.