ВАО-и хусусии Тоҷикистонро таваррум ва андоз пахш кардааст

© Sputnik / Амир ИсаевРӯзномаҳои тоҷикӣ. Акс аз бойгонӣ
Рӯзномаҳои тоҷикӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду се соли охир коҳишёбии фаъолияти ҷомеаи рӯзноманигорони Тоҷикистон ба назар мерасад. Коршиносон қайд мекунанд, ки ҳодисаи мазкур сабабҳои гуногуни дорад, аммо сабабҳои асосии он: бӯҳрони иқтисодӣ чун натиҷаи таҳримҳо зидди Русия, муносибатҳои мушкил бо ҳукумат ва набудани шароити рақобати озод дар байни ВАО-и давлатӣ ва маҳаллӣ аст.

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Ташкилоти маҳаллии MediaConsulting дар бораи вазъияти ВАО-и мустақили ҷумҳурӣ тадқиқот бурд. Хулосаҳои он, ҳузангез аст: ВАО-и хусусии Тоҷикистон дар вартаи нобудшавӣ қарор дорад.

Мувофиқи маълумотҳои таҳлил ба устувории иқтисодии ВАО дар Тоҷикистон  чунин омилҳо таъсир мерасонанд: набудани низоми тақсимоти самараноки матбуоти даврӣ, пайдо шудани интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун воситаи нави паҳнкунии маълумот, ба болои он рабудани даромадҳои ВАО-и анъанавӣ ва якбора паст гардидани интиқоли маблағ аз тарафи муҳоҷирони Русия.

Тадқиқот байни ВАО-и хусусии кишвар гузаронида шуд, зеро маҳз онҳо дар муқоиса бо ВАО- и давлатӣ дастгирӣ карда намешаванд.

Нашрияҳои Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
ВАО-и Тоҷикистон аз расонаҳои ӯзбакӣ ва туркманӣ озодтар аст

Дар рафти тадқиқот маълум гардид, ки даромади ВАО-и маҳаллӣ аз аввали моҳҳои апрели соли 2014 то соли 2015 то 50 фисад(!) кам гардида, адади нашр бошад дар ҳамин давра то 30 фоиз кам шудааст. Дар баробари ин, қариб то 30 фоиз хароҷоти истеҳсолоти ВАО-и чоппӣ зиёд гардид.

Ин тамоюл ба гуфтаи роҳбари MediaConsulting  Набӣ Юсупов давом хоҳад ёфт.

Бӯҳрон якчанд сол давом мекунад

Ҳатто гап дар он нест, ки бӯҳрони молиявӣ шояд бо 1-1,5 соли дигар давом кунад, вазъияти мушкили ВАО дар муносибати ҳукумат бо он мебошад. Интизор намеравад, ки "ба наздикӣ ба ВАО-и маҳаллӣ заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ пайдо гардида,  ба он дасгирии бевоситаи молиявӣ мерасад".

Барои муайн намудани таъсири бӯҳрони ҳозира дар фаъолияти мутбуоти мастақил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дархости Бюрои САҲА дар Тоҷикистон  аз моҳҳои май то июли ҳамин сол MediaConsulting пурсиш гузаронид, ки дар он 60 роҳбарони ташкилотҳои медиавии кишвар иштирок доштанд.

Пул. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мақоми севвуми Тоҷикистон аз рӯи баландтарин андоз

Наваду панҷ фисади пурсидашудагон ҷавоб доданд, ки "бале" бӯҳрон ба ВАО-и онҳо таъсир расонидааст. Боқимонда 3,3 фоиз бошад қайд карданд, ки ВАО-и онҳо аз ҳисоби грантҳо фаъолият мекунад ва кризиси иқтисодӣ дар онҳо на он қадар ҳис карда мешавад. Фақат 1,7 фоиз таъсири бӯҳронро ба фаъолияти ВАО инкор карданд.

Даромади ВАО-и хусусӣ

Қисми зиёди он (47,7 %) чун анъана аз ҳисоби реклама аст (маводҳои фармоишӣ, сарпарастӣ, эълон ва табрикот). Аз фурӯши нашр танҳо 28, 4 фоиз пурсидашудагон вазъи молиявии худро беҳтар мекунанду халос.

Дар пурсиш 32 намояндагони  ВАО-и чопӣ иштирок карданд. Бинобар ин аз ҳисоби нашр сеяки ВАО даромад мегиранду халос, ки ин вазъият танқидӣ аст, мегӯяд Юсупов.

Қисми хурди ВАО, 8 фоиз — аз дигар ҷиҳат (чорабиниҳо, акс, видео) даромад ба даст меоранд. Ахирон 6,8 фоизи пурсидашудагон гуфтанд, ки ВАО-и онҳо аз ҳисоби грант ё муассис фаъолият мекунад.

Аммо, ҳамаи ин даромадҳо аз 10 то 50 фоиз дар тамоми муассисаҳои ВАО кам гардиданд.

Чиро ва чӣ қадар аз даст медиҳанд?

Бо кадом мушкилиҳо имрӯз бештар роҳбарони ВАО рӯ ба рӯ мешаванд ва кадоме аз онҳо метавонад ба фаъолияти онҳо таъсири калон расонад?

Мувофиқи маълумотҳои тадқиқот 27 фоизи пурсидашавандагон кам шудани реклама ва маводҳои фармоиширо ҳис намуданд.

Ба ВАО "паст шудан норасоии музд" таъсири баробар дошт- 15,2%, "гаронии андоз"- 25,7% низ  таъсир расонид. 14 фоизи пурсидашавандагон нишон доданд, ки ба бӯҳрон дар ВАО ҳамчунин "пастшавии қурби пул таъсир расонидааст, ки вобаста ба он арзиши маҳсулот зиёд мешавад".

12,9 фоизи пурсидашудагон ҷавоб доданд, ки онҳо бӯҳронро  аз сабаби кам шудани нашр ҳис мекунанд, 2,8% дигар бошанд гуфтанд, ки умуман мехостанд фаъолияти нашрияашонро барҳам диҳанд. 11,2 фоиз  шумораи коргаронро камтар карданд. Фақат 1,1% изҳор доштанд, ки ҳоло ягон мушкилӣ надоранд.

Агар умуман дар бораи таъсири бӯрони иқтисодӣ ба ВАО сухан равад, 2/3 ҳиссаи иштирокчиёни пурсиш гуфтанд, ки бӯҳрон ба фаъолияти онҳо таъсири амиқ дорад.

31,1% қайд намуданд,  ки даромаднокии онҳо то 30-45%  кам шудааст. 36,1 фисад бошад гуфтанд, ки даромаднокии онҳо аллакай то 50% кам гардидааст. 13,1% бошад қайд мекунанд, ки даромаднокии онҳо то 20-25% кам шудааст.

Таҳлилгар: ВАО инсонро ба истеъмолкунада ва ғуломи пул табдил медаҳад

Барои 9,8 фисади пурсидашудагон бӯҳрон сабаби муваққатан қатъ намудани фаъолияти ташкилот гардид. 1,6 фисади пурсидашудагон аз ҳама фисади пасти талафоти хешро нишон доданд- аз 10% то 15%.  8,2 фисади дигар умуман ба савол ҷавоб надоданд.

Роҳбарони ВАО қайд намуданд, ки вазъияти ҳозираи молиявӣ маҷбур мекунад, ки чораҳои қатъӣ андешида шавад-кам кардани сафи коргарон. 47,5 пурсидашудагон ин чораро аллакай андешидаанд, 26,2 фоизи дигар мехоҳанд сафи кормандонашонро дар оянда  кам кунанд. 23 фоизи дигар ҷавоб доданд, ки сафи коргаронро  кам намекунанд, зеро аллакай кам аст.

Роҳи раҳоӣ аз бӯҳрон

Бо фикри роҳбарони ВАО  дар сурати кам кардани андоз, бӯҳрон низ кам тар ҳис мешавад. Ҷузъан, онҳо пешниҳод намуданд, ки барои ВАО ба муддати 3 сол тамоми намуди андоз қатъ карда шавад(то он вақте, ки бӯҳрони молиявӣ нагузарад ва даромаднокӣ барқарор гардад).

Дигарон бошанд аз қатъ гардидани як қисми моддаҳои андоз хело шод мегардиданд, масъалан 17,4% андоз аз фоида ба фикри онҳо хело калон аст, зеро дар умум ба 25% аз даромади умумӣ баробар мешавад.

Боқимонда 15,1% гуфтанд, ки ба "Системаи андози соддакардашуда" нигоҳ накарда, андоз хело гарон аст. 12,8 фоиз мегӯянд, ки андози 18 фоиза аз арзиши иловашуда хело гарон аст, дар ҳоле ки дар дигар кишварҳо — Қазоқистон ва Қирғизистон он 10 фоизро ташкил медиҳад.  Боз 7% аз андози 25-фоизаи Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  (ФҲИА) норозиёна мегӯянд, ки бояд онро кам намуд.

Аробакаш дар бозор. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: ҳукумати Тоҷикистон бӯҳрони иқтисодиро идора карда наметавонад

Ғайр аз ин роҳбарони ВАО-и хусусӣ мегӯянд, ки ба дастгирии давлат мӯҳтоҷ мебошанд, ҳарчанд баъзе аз онҳо чунин мешудоранд, ки орзуи онҳо амалинашаванда аст. Боқимонда  мегӯянд, ки "ба сохторҳои давлатӣ муфид аст, ки васоити ахбори оммаи мустақил баста шавад".

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда пурсидашудагон дар ҷавоб ба саволи "кадом амали давлат барои онҳо дастгирии маҳз мегардад", ҷавоб доданд, ки мехостанд дар биноҳои давлатӣ иҷорапулӣ ё пардохти комуналӣ кам ё маҳв карда шавад.

Дигарон наҷоти хешро дар ба даст овардани грант ё дигар кӯмакҳо ба монанди дастгирии техникӣ(коғаз, дастгоҳи наворгирӣ, мошинҳои хозматӣ ва ғайра) мебинанд. Қисме дигаре мехостанд дар обуна ва паҳнкунии рӯзномаи хеш дастгирӣ ёбанд.

Бояд қайд кард, ки дар солҳои истиқлолият ВАО-и хусусии кишвар фақат аз ташкилотҳои байналмиллалӣ ва намояндагиҳои дипломатӣ кӯмак гирифтаанд: грантҳо, таҷҳизот барои ВАО-и электронӣ, таҷҳизоти мултимедиавӣ, барномаҳои омӯзишӣ, сафарҳои омӯзишӣ ва ғайра.

Будан ё набудан

Дар натиҷаи таҳқиқ маълум гардид, ки 63 фоизи роҳбарони ВАО истисно намекунанд, ки шояд дар оянда маҷбур мешаванд, ки фаъолияти хешро қатъ кунанд. Танҳ 30 фисад боварӣ доранд, ки ин гуна хатар онҳоро интизор нест.

Саволи охирини таҳқиқ чунин буд: "Оё бӯҳрони молиявӣ ба мустақилияти таҳрирӣ таъсир мерасонад? ".  Яъне оё нашрияе, ки нуқтаи назари  хешро дорад, метавонад пас аз дучор шудан ба бӯҳрони молиявӣ аз мавқеи худ  даст кашад.

Чуноне ки маълум гардид, онҳое, ки тайёранд ин амалро иҷро намоянд,  хело бисёранд  — 78 фисади иштирокдорони пурсиш. Барои ҳамин, мегӯяд Набӣ Юсупов, агар вазъият бадтар шудан гирад, бештари ВАО метавонанд таҳти таъсири ин ё он сохторҳои давлатӣ ё тиҷоратӣ бимонанд.

Бисёре аз роҳбарони ВАО тақдири ояндаи наздики худро ба як ду сол манфӣ пешгӯӣ намуданд- 46,7%, ки дар оянда вазъият танҳо бадтар мешавад, боқимонда- 25% умед доранд, ки ҳоло ҳамааш хуб мешавад.

Лентаи хабарҳо
0