ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Танҳо 4% шаҳрвандони Олмон ва 5% сокинони Итолиё фикр мекунанд, ки пойгоҳҳои мамолики хориҷ дар қиёс бо артиши миллӣ амниятро хубтар таъмин мекунанд.
Маълумот дар натиҷаи назарсанҷӣ аз ҷониби ширкати бузурги тадқиқотии фаронсавии Ifop бо дархости хабаргузорӣ ва радиои Sputnik ба даст омадааст.
Мувофиқи гузориши Вазорати мудофиаи ИМА дар соли 2015 берун аз марзи ин кишвар 578 пойгоҳоои низомӣ ҷойгир карда шудаанд.
Бештарини пойгоҳҳои низомии ИМА дар Аврупо дар Олмон ва Итолиё ҷойгир карда шудаанд. Ба саволи "кадом артиш амнияти кишваратонро хубтар таъмин мекунад", зиёда аз се ҳиссаи (38%) олмониҳо ва (34%) итолиёиҳо, фикр мекунанд, ки артиши миллӣ кишварашонро хубтар муҳофизат мекунад.
Дар баробари ин 37% шаҳрвандони Олмон ва 34% бошандагони Итолиё фикр мекунанд, ки агар дар баробари артиши миллӣ боз пойгоҳҳои хориҷӣ низ ватанашонро муҳофизат кунанд, хуб мешавад. 21% иштирокчиёни назарсанҷӣ аз Олмон ва 27% аз Итолиё натавонистанд ба савол посух гӯянд.
Назарсанҷӣ аз ҷониби ширкати бузурги тадқиқотии фаронсавии Ifop бо дархости хабаргузорӣ ва радиои Sputnik аз 28-уми июн то 4-уми июли соли 2016 дар Олмон (1004 нафар) ва Итолиё (1002 нафар) гузаронида шуд. Дар назарсанҷӣ шаҳрвандони синну соли гуногун ва касбу кори мухталиф иштирок карданд.
Маълумот дар бораи лоиҳаи "Sputnik.Мнения"
Лоиҳаи байналмиллалӣ оиди тадқиқот ва омӯзиши афкори омма моҳи январи соли 2015 шурӯъ шуд. Шарикони ин лоиҳа ширкатҳои тадқиқотии бонуфузи Populus ва Ifop мебошанд. Дар доираи лоиҳаи Sputnik.Мнение. мунтазам пурсишномаҳо бо мақсади омӯзиши афкори омма оид ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар мамлакатҳои Аврупо ва ИМА гузаронида мешавад.
Sputnik (sputniknews.com) хабаргузорӣ ва радио аст, ки бо бахшҳои чандрасонаӣ ва иттилоотӣ дар даҳҳо кишвар фаъол мебошад. Ба "Sputnik" сайтҳо, пахши рақамӣ ва анъанавии радио, нармафзорҳои мобилӣ ва сафҳаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ таалуқ доранд. Барои обуначиён хабарҳои Sputnik ба таври шабонарӯзӣ бо забонҳои англисӣ, арабӣ ва испониву чинӣ ба нашр мерасанд.