ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Сайёҳони хориҷӣ имсол дида нисбат ба соли гузашта бештар ба Тоҷикистон меоянд.
Мувофиқи маълумоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар нисмолаи аввали соли равон 163,9 ҳазор нафар сайёҳ ба Тоҷикистон сафар кардаанд.
"Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 16,7 ҳазор нафар зиёдтар аст",-изҳор дошт раиси Кумита Адҳам Абдуллозода.
Ба қавли ӯ дар умум аз аввали соли равон ба Тоҷикистон зиёда аз 200 ҳазор шаҳрвандони мамолики хориҷӣ омадаанд.
Сайёҳон ба иқтисоди Тоҷикистон 81,9 миллион доллар фоида расониданд. Ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8 миллион зиёдтар мебошад.
Дар соли 2015 ба Тоҷикистон 413,8 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ сафар кардаанд. Даромади умуии ин соҳа б абуҷаи давлатӣ 206,9 миллион долларро ташкил медиҳад.