Николай Бордюжа бо президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон вомехӯрад

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкДабири кулли СПАД Николай Бордюжа. Акс аз богйонӣ
Дабири кулли СПАД Николай Бордюжа. Акс аз богйонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бордюжа дар сафари серӯза ба Тоҷикистон бо президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва вазири дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо мулоқот анҷом медиҳад.

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) Николай Бордюжа бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад, хабар медиҳад дафтари матбуоти созмон.

Бордюжа: СПАД бо НАТО ҷанг намекунад, вале аз ҳамла хавф надорад

Сафари Бордюжа аз 27-уми сентябр оғоз гардида, то 29 ҳамин моҳ идома мекунад. Дар рафти сафар Бордюжа бо президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Эмомалӣ Раҳмон, вазири дифои кишвар, генерал Шералӣ Мирзо ва ҳамчунин бо дабири Шӯрои амният Абдураҳим Қаҳҳоров мулоқот мекунад.

Мақсади сафари корӣ баррасии омодагӣ ба нишасти Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, ҷаласаи муштараки вазирони хориҷа, шӯрои вазирони мудофиа ва шӯрои дабирони СПАД, ки 14 октябри соли 2016 дар шаҳри Ереван баргузор мешавад, мебошад.

Ҳамчунин муҳокимаи масъалаҳои вазъи кунунӣ ва амнияти Осиёи Марказӣ дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0