ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Дар бораи ин оҷонсии Al Mada-и Ироқ бо такя ба яке аз роҳбарони милитсияи Ироқ навиштааст. Қаблан ВАО хабар дода буд, ки роҳбари низомии ДИ собиқ полковники ВКД-и Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов интихоб шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ зодаи Ироқ, ал-Муадиди дар артиш генерали бригадавӣ будааст. Ӯ наздики панҷ сол қабл, дар зинаҳои нахустини ташкили гурӯҳи террористии Давлати Исломӣ ба ин ҳаракат ҳамроҳ шудааст.
"Роҳбарони ДИ дар вилояти Анбор ҷамъ шуда, Ясин ал-Муадиди, бо лақаби Абу Тахаро роҳбари низомии ташкилот ба ҷойи Абу Умар аш-Шишани, ки ба ҳалокат расонида шуд, интихоб карданд",хабар дод роҳбари мақомоти тафтишотӣ Назем ал-Ҷугайфӣ.
Дар бораи нобуд сохтани шаҳрванди Гурҷистон Тархан Батирашвили, ки чун Абу Умар аш-Шишани маъмул буд, дар аввоили моҳи март Пентагон хабар дода буд. Амалиёт дар минтақаи шаҳри Эш-Шаддади Сурия гузаронида шуда буд.
Ҳукумати ИМА моҳи сентябри соли 2015 Ҳалимовро ба рӯйхати террористон дохил намудааст, моҳи феврали соли 2016 бошад вай ба рӯйхати таҳримҳои СММ дохил гардид. Ғайр аз ин Гулмурод Ҳалимов аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон тариқи Интерпол ба ҷустуҷӯ эълон карда шудааст.