ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" бо истифода аз найрангҳои ваҳмнок тавассути фиристодани паёмакҳои табрикотӣ аз номи собиқ командири ОМОН-и Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов мехоҳад мардумро тарсонад, мегӯяд директори Донишкадаи кишварҳои ИДМ Александр Князев.
Дар бораи таҳдидҳо аз ҷониби ДИИШ ВАО бо такя ба манбаъ аз сохторҳои қудратии кишвар хабар дода буданд. Дар SMS-паёмакҳои худ Ҳалимов ваъда медиҳад, ки тоҷикистониёнро бо ҷашни истиқлолият "табрик" мекунад.
"Бе ҳеҷ гуна дахолати террористони "Давлати Исломӣ" вазъият дар Тоҷикистон дар дараҷаи баланди эътироз ва шиддати сиёсию иҷтимоӣ қарор дорад. Дар робита бо ин террористон тактикаи хубро истифода мебаранд, ки метавонад ба ҳадаф расад. Ҳадафи террористон бошад-ба амал овардани фазои нобоварӣ ва паҳн кардани таҳдид миёни шаҳрвандони ин кишвар мебошад",-гуфт Князев дар мусоҳиба бо Sputnik.
Игор Коротченко, сармуҳаррири маҷаллаи "Национальная оборона" бошад ин ҳодисаро барои Тоҷикистон таҳдиди воқеъӣ мешуморад. Зиёда аз ин сиёсатшинос ҳамкории сохторҳои қудратии Русия ва Тоҷикистонро барои таъмини бехатарӣ дар рӯзи истиқлолияти давлатӣ муҳим арзёбӣ кард.
"Ҳама гуна таҳдид аз ҷониби террористонро бояд ҷиддӣ қабул кард,-изҳор дошт Коротченко зимни мусоҳиба бо Sputnik.-Бояд дар назар дошт, ки дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии Русия ва маркази оптикии тафтишотӣ мавҷуд аст. Бинобар ин дар якҷоягӣ бо ҳукумат бояд чораҳои иловагӣ бо мақсади таъмини амният ва пешгирии ҳамлаҳои эҳтимолӣ андешида шавад".
Манбаъ аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон изҳор дошт, ки айни замон аз куҷо равон шудани паёмакҳо бо таҳдид ба бехатарии кишвар санҷида мешаванд.
Командири ОМОН-и Тоҷикистон, полковник Гулмурод Ҳалимов моҳи апрели соли 2015 ғайб зада, моҳи майи ҳамон сол тариқи хабари видеоӣ дар бораи ба ДИИШ гаравидани худ аз Сурия хабар дод. Ӯ ин амали худро ҳамчун норозигӣ аз кори намояндагони ВКД-и Тоҷикистон оиди масъалаи пӯшидани ҳиҷоб арзёбӣ карда буд. Рӯзи 3-юми сентябр ВАО-и Ироқ дар бораи интихоб гардидани Ҳалимов ба ҳайси сарвари низомии "Давлати Исломӣ" хабар доданд. ИМА барои дарёфти маълумот дар бораи макони ҷойгиршавии ӯ 3 миллион доллари амрикоӣ тӯҳфа эълон намудааст.