Имрӯз дар Тоҷикистон ҳама аз Рӯдакӣ мегӯянд

© Фото : Официальная страница TALCO / Гузариш ба медиабонкМуҷассамаи Рӯдакӣ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Муҷассамаи Рӯдакӣ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шоирон аз кишварҳои гуногуни дунё шеъри шоири бузурги асримиёнагӣ, асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро иншод мекунанд.

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Имрӯз дар Тоҷикистон чорабиниҳои идона бахшида ба шоири маъруфи тоҷик, асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Ҷаъфари Рӯдакӣ баргузор меграданд,  хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.

Муҷассамаи Умар Хайём дар Астрахан - Sputnik Тоҷикистон
Дар Астрахан муҷассамаи Умар Хайём гузошта шуд

Ҳамин тавр, дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии "Ашъори Рӯдакӣ" баргузор мегардад, ки дар он шоирон ва нависандагон аз Эрон, Афғонистон, Покистон ҳамчунин  донишҷӯён аз донишгоҳҳои пойтахт иштирок мекунанд.

Ҳамчунин бахшида ба ҷашн Иттифоқи нависандагон дар Қалъаи Ҳисор чорабинӣ барпо менамояд.  Дар он ҳунармандони Театри академии давлетии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ операи "Рӯдаки"-и Шарофиддин Сайфиддиновро иҷро менамоянд.

Шурӯъ аз соли 2002 дар Тоҷикистон "Рӯзи Рӯдакӣ" таҷлил мешавад. Бархе аз муаррихон ва муҳаққиқони ҳаёту эҷодиёти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бар ин ақиданд, ки "Одам-уш-шуаро" аз модар нобино таваллуд шудааст. Аммо вожаи "қорӣ" дар забони тоҷикӣ ба як маъно ҳофизи кулли "Қуръон" ва ба маънии дигар "кӯр"-ро ифода менамояд. Табиист, ки таъбири аввал ба Устод Рӯдакӣ тавъам аст, зеро ӯ дар овони хурдсолӣ Қуръонро азёд карда буд.

Эҷодиёти шоир аз  шеър, қасида, ғазал, рубоӣ, луғз ва қитъа ғанӣ аст. Мувофиқи баъзе маълумотҳо ба қалами ӯ 130 ҳазор дубайтӣ тааллуқ дорад, аммо аз тамоми эҷодиёти вай то замони мо ҳазор байти он омада расидааст. Дар умум  ҳоло метавон "Қасидаи модари май", "Шикоят аз пирӣ" ва чиҳил рубоиро моли  Рӯдакӣ шуморид.

Лентаи хабарҳо
0