Ҷавони 20 солаи тоҷик дар Маскав 4 сол аз озодӣ маҳрум гардид

© Sputnik / Илья ПиталевБоздошт. Акс аз бойгонӣ
Боздошт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар давоми як сол ҷавони 20-сола дар маҷлисҳои гурӯҳҳои мамнӯъ иштирок карда, адабиётҳои идеологӣ ва методҳои тарғиботиро барои ҷалби ҳар чи бештари одамон ба сафи ин гурӯҳҳо аз худ кардааст.

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми  аъзои гурӯҳи террористии мамнӯъ дар Русия "Ҳизб-ут-Таҳрир" будан гунаҳкор дониста шуд.

"Додгоҳи шаҳри Маскав нисбати ҷавони 20 солаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз Усмонов ҳукм баровард. Додгоҳ ӯро ба 4 сол ва 4 моҳи маҳрумият аз озодӣ бо адои ҷазо дар калонияи ислоҳии умумӣ маҳкум кард",-хабар медиҳад прокуратураи шаҳри Маскав.

Бинои додгоҳи шаҳри Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи Маскав парвандаи гунаҳкорони қазияи Хованскоеро месанҷад

Ҷавони дар боло зикршуда аъзои гурӯҳи террористии "Ҳизб-ут-Таҳрир ал-Ислом" буд. Шурӯъ аз моҳи октябри соли 2014 то соли 2015 ӯ дар маҷлисҳои ин гурӯҳ иштирок карда, адабиётҳои иделологии онҳоро омӯхта, тарзи тарғиботро аз худ карда ва кӯшиш ҷалби бештари ҷавонон ба ин ҳаракатро кардааст.

Абдулазиз Усмоновро ҳамроҳи дигар аъзоёни ин гурӯҳ кормандони ФСБ дар шаҳри Маскав ва вилояти назди Маскав дастгир кардаанд. Ӯро мувофиқи моддаи Кодекси ҷиноии ФР (фаъолият дар гурӯҳе, ки  дар қаламрави Федератсияи Русия мувофиқи қонунгузории ин давлат манъ карда шудаст), гунаҳкор донистанд.

Лентаи хабарҳо
0