Додгоҳи Маскав парвандаи гунаҳкорони қазияи Хованскоеро месанҷад

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкБинои додгоҳи шаҳри Маскав. Акс аз бойгонӣ
Бинои додгоҳи шаҳри Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Занозании оммавӣ дар гӯристони калонтарини Маскав рӯзи 14 май ба вуқӯъ пайваст. Дар он наздики 200 нафар иштирок карда, 112 нафарашон дастгир гардиданд.

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи сешанбе қонунӣ будани боздошти раиси гӯристони Хованское Юрий Чабуев ва ҳамчунин се дастгиршудаи дигарро санҷид, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии додгоҳ.

Ҳамчунин додгоҳ боздошти ҳуқуқшинос ҳаммуассиси ташкилоти "Здоровая нация" Александр Бачарников, корманди собиқи милитсияи Маскав дар ноҳияи Хамовники Никита Мошенко ва Сергей Козловро таҳқиқ мекунад.

Чабуев, ки роҳбарии гӯристони Хованскоеро бар дӯш дошт, дар куштори ду ва зиёда нафар аз ҷониби гурӯҳи одамон тариқи маслиҳали пешакӣ, гардиши ғайриқонунии аслиҳа ва авбошӣ мутаҳҳам карда мешавад.

Кормандони пулис дар ҷои ҳодиса дар қабристони Хованское. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Собиқ роҳбари гӯристон дар ташкили куштор айбдор мешавад

Дар баробари ин Чабуев ба гуноҳи худ иқрор нашуд ва изҳор дошт, ки ӯ ӯҳдадориҳои худро иҷро кардааст. Чуноне, ҳимоятграи ӯ иброз дошт, Чабуев кӯшиш мекард чи тавре, ки набошад занозаниро хотима диҳад ҳатто ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардааст. Ҳимоятгар хоҳиш кард, ки нисбати зерҳимояи ӯ ҳама намуди чораҳои пешгирикунанда ғайри боздошт андешида шаванд.

Бино ба иттилоъи ВКД-и Русия муноқиша ва задухурди мусаллаҳонаи муҳоҷирон бо як гуруҳи ҷинояткорон дар гӯристони "Хованское" миёнаҳои моҳи май ба вуқӯъ пайваста, дар он зиёда аз 200 нафар иштирок намуданд. Аснои амалиёти пулис беш аз 90 нафар дар робита ба қазия дастгир гардиданд. Дар пайи ин ҳодиса, 3 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 23 нафар дар беморхона бистарӣ гардиданд. Вазъи саломатии 4 ҷабрдида вахим арзёбӣ мешавад.

Лентаи хабарҳо
0