ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Вазирони корҳои хориҷии минтақаи Осиёи Марказӣ дар иҷлосияи 71-умини Ассамбеяи Генералии СММ бо ҳам во хӯрданд.
Дар чорчӯбаи иштирок дар мусоҳибаҳои сатҳи баланд роҳбарони ВКХ Қазоқистон Ерлан Идрисов, Қирғизистон Эрлан Абдилдаев, Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов, Туркманистон Рашид Мередов, Ӯзбакистон Абдулазиз Комилов дар масъалаи амният диққати махсус зоҳир намуданд.
"Роҳбарони ВКХ кишварҳои Осиёи Маркази дар мубориза зидди таҳдидҳо бо амният ва субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар мубоириза зидди терроризм ва ифродгароии динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, устувор намудани бехатарии сарҳад, ба амал баровардани мақсадҳо ва вазифаҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, озод аз силоҳи ҳастаӣ ягонагии афкор нишон доданд ва ба хулосаи аниқ омаданд, ки зидди ин ҷиноятҳо якҷоя мубориза мебаранд",- омадааст дар хабари ВКХ Қазоқистон.
Иштирокдорони вохӯрӣ дар рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуданд. Онҳо умедвор гаштанд, ки дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисод, маориф, илм ва фарҳанг ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва бисёрҷониба барқарор хоҳанд кард.
Тарафҳо ҳамчунин дар бораи тайёриҳо ба Иҷлосияи 43-умини Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Ташкилоти ҳамкориҳои исломӣ сӯҳбат доир намуданд. Вохӯрии мазкур санаи 18-19 октябр дар Тошканд зери шиори "Маориф ва илм- роҳи сулҳ ва бунёдкорист" баргузор мегардад. Вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон тайёрии худро барои иштирок дар ин чорабинӣ иброз намуданд.