ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба водии Рашт рафт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти мамлакат.
Дар ин минтақаи кишвар соҳаи картошкапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ рушд карда истодааст ва дар намоишгоҳи имрӯза меҳнаткашон анвои гуногун, меваю полезиҳо, навъҳои беҳтарини сабзӣ, картошка, себҳо ва асалро ба маъраз гузоштанд.
"Ноҳияи Тоҷикобод дар саргаҳи обҳои мусаффо қарор дорад ва бо истифодаи оқилона аз ин неъмат аз заминҳо ҳосили дилхоҳ рӯёндан мумкин аст",-гуфт Эмомалӣ Разҳмон зимни суханронӣ бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ.
Бино ба иттилои манбаъ ҳамчунин сарвари давлат деҳқононро ҳидоят намуд, ки ҳар як ваҷаб замини минтақаҳои кӯҳистонро самаранок истифода баранд.Чунки дар ноҳияи мазкур парвариши дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба мисоли шалғам, лаблабу, каду, карам ва пиёз низ манфиатовар аст.
Соҳаи занбӯриасалпарварӣ низ дар ноҳияи Тоҷикобод дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ба маротиб рушд кардааст. Айни замон занбӯрпарварони ноҳия аз 5050 оила занбӯр асали хуштамъу шифобахш мегиранд.
Зимни боздид аз ноҳияи Тоҷикобод президенти кишвар дар хатнасури 50 кӯдак аз оилаи камбизоат иштирок намуд.
Эмомалӣ Раҳмон волидони кӯдаконро бо ин рӯзи саид табрик намуда, иброз дошт, ки аз замони соҳибистиқлолии мамлакат дар сиёсати пешгирифтаи ҳукумати ҷумҳурӣ ба дастгирии табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ афзалияти бештар дода шуда, дар ин самт як қатор барномаҳо амалӣ карда мешаванд.