ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Имрӯз хизматчиёни ҳарбии шаҳри Бӯстон соҳиби хонаҳои истиқоматӣ гардиданд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.
Бино ба иттилои манбаъ иншооти мазкур дар зарфи ду сол бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ аз ҷониби ҶДММ «Созанда» азнавсозӣ гардида, он дорои 32 хонаи истиқоматии як, ду ва се ҳуҷрагӣ мебошад.
"Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз нафарони соҳиби манзилҳои нав гардида даъват ба амал овард, ки содиқонаю софдилона ба ватан-модар хизмат карда, дар ободонию осоиштагии мамлакат, ҳифзи музафариятҳои давлати соҳибистиқлол ва таъмини тартиботу оромии ҷомеа фаъолона иштирок намоянд",-омадааст дар хабарнома.
Бинои истиқоматӣ дуошёна буда, дар заминаи як иншооти бекорхобида аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо харҷи беш аз 4 миллион сомонӣ бунёд карда шудааст.
Президенти кишвар хонаҳои истиқоматиро тӯҳфаи арзанда дар арафаи 25-солагии истиқлолияти кишвар барои хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хонд.
Ҳамчунин қайд мешавад, ки дар ҳавлии бино майдончаи бозии кӯдакона ва ҷой барои истироҳату фароғати истиқоматкунандагон бунёд карда шудааст.
Дар баробари ин хабар дода мешавад, ки дар давоми чор соли охир дар ҳудуди се вилоят ва пойтахти кишвар танҳо аз Вазорати мудофиа беш аз 300 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин гардиданд.