Донишҷӯёни тоҷик зидди иштироки ҲНИТ дар ҷаласаи САҲА эътироз мекунанд

© SputnikДонишҷӯёни тоҷик зидди ҳузури ҲНИТ ва "Гурӯҳи 24" дар ҷаласаи Варшава эътироз карданд. Акс аз бойгонӣ
Донишҷӯёни тоҷик зидди ҳузури ҲНИТ ва Гурӯҳи 24 дар ҷаласаи Варшава эътироз карданд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аксияи эътирозӣ, ки аз рӯзи сешанбе шурӯъ шуд аз ҷониби якқатор ҷавонони фаъол ташкил карда шудааст. Сабаби норозигии онҳо-иштироки намояндагони ҲНИТ ва “Гурӯҳи 24” дар ҷаласаи САҲА мебошад.

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Донишҷӯёни тоҷик эътирози худро вобаста ба ҳузури ҳизби мамнӯъ дар Тоҷикистон ҲНИТ ва "Гурӯҳи 24" дар ҷаласаи САҲА оид ба ҳуқуқи инсон дар Варшава идома медиҳанд.

Варшава, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳайъати Тоҷикистон маҷлиси САҲА-ро тарк мекунад

Аксия дар шаҳри Душанбе шурӯъ аз рӯзи сешанбе инҷониб баргузор карда истодааст. Рӯзи чоршанбе 50 нафар ҷавонони фаъол дар назди бинои САҲА дар Душанбе ҷамъ омаданд.

Онҳо аз намояндагони ин мақомот талаб намуданд, то ба пешниҳоди онҳо, ки рӯзи 20 сентябр навишта будаанд ҷавоб нависанд. Дар пешниҳодашон ҷавонон аз иштироки  гурӯҳҳои манъшуда дар Тоҷикистон ҳизби ҲНИТ ва "Гурӯҳи 24" дар ҷаласаи САҲА, ки 19 сентябр дар шаҳри Варшава баргузор гардид изҳори норозигӣ кардаанд. Рӯзи панҷшанбе бошад, ҷавонони фаъол дар назди бинои донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе ба намоиши эътирозӣ баромаданд.

"Сабаби норозигии мо ҳузури намояндагони ҲНИТ ва "Гуруӯҳи 24" дар ҷаласаи САҲА оид ба ҳуқуқи инсон дар Варшава аст",-гуфт ба рӯзноманигорон яке аз роҳбарони ҳаракат Аслиддин Хушвақтов.

Рӯзи ҷумъа донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ низ ба сафи эътирозгарон ҳамроҳ шуданд. Субҳи ҳамин рӯз наздики 400 донишҷӯ дар ҳамоиш дар конфронсзали донишгоҳ ҷамъ шуда, дар гузоришҳои худ ҳузури ҳарду гурӯҳи манмӯъро дар ҷаласаи Варшава маҳкум карданд.

© SputnikДонишҷӯёни тоҷик зидди ҳузури ҲНИТ ва намояндагони "Гурӯҳи 24" дар ҷаласаи Варшава эътироз карданд
Донишҷӯёни тоҷик зидди ҳузури ҲНИТ ва намояндагони Гурӯҳи 24 дар ҷаласаи Варшава эътироз карданд - Sputnik Тоҷикистон
1/4
Донишҷӯёни тоҷик зидди ҳузури ҲНИТ ва намояндагони "Гурӯҳи 24" дар ҷаласаи Варшава эътироз карданд

2/4

3/4

4/4

Ҳукумати Тоҷикистон ҲНИТ-ро дар исёни мусаллаҳонае, ки аз тарафи собиқ муовини вазири мудофиаи кишвар Абдуҳалим Назарзода санаи 4-уми сентябри соли 2015 ба амал оварда шуд, гунаҳкор донистанд.

Ҳизбро дар маблағгузори кӯшиши табаддулоти давлатӣ айбдор карданд. Шӯрои сиёсии олии ҳизб санаи 16-уми сентябр ба ҳабс гирифта шуданд ва санаи 26-уми сентябри соли 2015 ҲНИТ бо қарори Суди олии ҳизби мамнӯъ ва ифродгарову террористӣ эълон гардид.

Лентаи хабарҳо
0