Ҳайъати Тоҷикистон маҷлиси САҲА-ро тарк мекунад

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкВаршава, Акс аз бойгонӣ
Варшава, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баромади фаъолони Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикстон дар бораи он, ки онҳо ангезаҳои сиёсиро пайгирӣ мекунанд асос надоранд, онҳо аз вазъият ва маҷлиси САҲА истифода мебаранд, қайд намуд аъзои ҳайъати ҶТ.

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Ҳайъати Тоҷикистон эълон намуд, ки маҷлиси САҲА-ро оид ба ҳуқуқи инсон, ки дар Варшава баргузор шуда истодааст, аз сабаби иштироки ҲНИТ тарк мекунад.

"Ҳайъати Тоҷикистон оромона иштироки ин эътирозгаронро қабул намуд. Ҳарчанд онҳо (манзур аз ҲНИТ- шарҳ аз идора) ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин содир намуда бошанд ҳам, дар кофтуков, аз ҷумла кофтукови байналмиллалӣ қарор дошта бошанд ҳам, мо иштироки онҳоро оромона қабул намудем. Ҳамчунин ҳайъат ба тамоми ҳамла ва таҳдидҳои онҳо, ҳам дар маҷлис ва ҳам берун аз он, тоқат кард. Аммо рӯзи гузашта онҳо аз ҳад гузарониданд ва мо маҷбур шудем, ки ба ин вазъият эътино кунем",- гуфт аъзои ҳайъати Тоҷикистон пеш аз саршавии маҷлис рӯзи пагоҳии ҷумъа.

Варшава. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Фаъолони ҲНИТ дар Варшава аксия ташкил карданд

Ба гуфтаи вай, иддаои онҳо, ки гӯё ангезаҳои сиёсии худро пайгирӣ мекунанд, асос надоранд ва онҳо аз вазъият ва маҷлиси САҲА сӯиистифода мекунанд.

"Маълум, ки мақсади онҳо — бадном кардани ҳукумат, худро қурбони вайронкунии ҳуқуқҳои инсон эълон намудан ва ба ин восита кӯмаки сиёсӣ ба даст оварда, барои иқомат дар Аврупо иҷозат гирифтан, мебошад",- гуфт вай.

Пештар дар вақти маҷлис мавзӯи боздошт намудани ҳимоягарони (адвакатҳо)-и аъзоёни ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи ҲНИТ боло карда шуд. Ҳайъати Тоҷикистон қайд намуд, ки парвандаи ҲНИТ-ро 16 ҳимоягар баррасӣ мекарданд ва танҳо ду нафари онҳо барои ҷинояткорӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, "онҳо ҳеҷ бо ҳимояи ҲНИТ марбут нестанд".

Вай ҳамчунин қайд намуд, ки ҲНИТ ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи "Давлати исломи"-ро дастгирӣ мекунад. "Мо аллакай дар бораи амалҳои ҲНИТ, ки ташкилоти террористии ДОИШ-ро дастгирӣ мекунанд, хабар дода будем",- гуфт вай. Ҳайъати Тоҷикистон ҳамчунин дар бораи найранги тарафдорони ҲНИТ, ки пас аз он се рӯзноманигор маҷлиси САҲА-ро тарк намуд, хабар доданд.

"Иштироки ин гуна гурӯҳҳои ҷиноӣ  маҷлиси ҳамасолаи САҲА-ро  халалдор мекунад. Мо зурур медонем, ки дигар дар маҷлис ширкат наварзем, ҳайъати Тоҷикистон маҷлисро тарк мекунад",- гуфт намояндаи ҳайъат.

Ҳукумати Тоҷикистон ҲНИТ-ро дар исёни мусаллаҳонае, ки аз тарафи собиқ муовини вазири мудофиаи кишвар Абдуҳалим Назарзода санаи 4-уми сентябри соли 2015 ба амал оварда шуд, гунаҳкор донистанд.
Ҳизбро дар маблағгузори кӯшиши табаддулоти давлатӣ айбдор карданд. Шӯрои сиёсии олии ҳизб санаи 16-уми сентябр ба ҳабс гирифта шуданд ва санаи 26-уми сентябри соли 2015 ҲНИТ бо қарори Суди олии ҳизби мамнӯъ ва ифродгарову террористӣ эълон гардид.

Лентаи хабарҳо
0