ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Рӯзи 22 сентябр, тахминан соати 11, марди 47-солаи сокини шаҳри Истаравшан дар хонаи истиқоматии хешовандаш марди 49-солаи сокини ҳамин шаҳр, аз сабаби хусумати оилавӣ бо ҳамсари 26-солааш ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 17 маротиба ба узвҳои баданаш задааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки ҷабрдида дар натиҷаи бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Айни замон гумонбари ҷинояти куштор аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, корҳои тафтишотӣ идома дорад, менависад манбаъ.
Санаи 20-уми ҳамин моҳ аз дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дода буданд, ки дар шаҳри Истаравшан як зани ҷавон дар куштори ду кӯдаки пайвандонаш гунаҳкор карда мешавад.
Гумонбаршаванда шаҳрванд Мавлудаи Зиёдулло, соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан дар як ҳолат писари хоҳаршӯй ва дар ҳолати дигар духтарчаи бародари худро бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст.
Феълан аз рӯи далелҳои мазкур нисбати Мавлудаи Зиёдулло бо моддаи 104, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбаршаванда ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст, навиштааст хадамоти матбуоти ВКД Тоҷикистон.