Дар ҳузури рӯзноманигорони маҳаллӣ ва ВАО-и хориҷӣ, намояндагони додгоҳ, мақомоти ҳивзи ҳуқуқ дар танӯри махсус 303,04 кг маводи мухаддир нобуд карда шуд.
Дар маросими нобудсозии маводи мухаддир намояндагони сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, роҳбари Идораи минтақавии СММ оид ба мубориза бар зидди маводи нашъадор дар Осиёи Марказӣ хонум Ашита Миттал, ҳайати Афғонистон таҳти роҳбарии хонум Саломат Азимӣ-вазири вазорат оид ба мубориза бар зидди маводи мухаддири Давлати Исломии Афғонистон иштирок карданд.
Дар давоми 17 соли охир дар танӯри Агентии мубориза бар зидди маводи мухаддир зиёда аз 17 тонна намуди гуногуни маводи нашъадор сӯхта нобуд карда шудааст.

1/9
© Sputnik
Дар маросими нобуд сохтани маводи мухаддир раиси Оҷонсии назорати маводи нашъовари назди президенти ҶТ Шерхон Салимзода низ ширкат кард.

2/9
© Sputnik
Маросими нобудсозии маводи мухаддир дар Тоҷикистон

3/9
© Sputnik
Маводи мухаддир аз намудҳои гуногун-ҳашиш, афюн, ҳероин ва ғайра иборат буд.

4/9
© Sputnik
Шерхон Салимзода ба намояндагони ВАО-и хориҷӣ дар бораи маводи мухаддир маълумот медиҳад.

5/9
© Sputnik
Ҳабҳои МДМА-нобуд карда шаванд!

6/9
© Sputnik
Дар тӯли 17 соли охир дар Тоҷикистон зиёда аз 17 тонна маводи аншъадор нобуд карда шудааст.

7/9
© Sputnik
Оташи маводи нашъадор дуди ғавсро ба осмон баровард.

8/9
© Sputnik
Шерхон Салимзода ва хонум Ашита Миталл-роҳбари Идораи минтақавии СММ оид ба мубориза бар зидди маводи мухаддир.

9/9
© Sputnik
Маводи мухаддир дар ҳузури рӯзноманигорони маҳаллӣ ва намояндагони ВАО-и хориҷӣ нобуд карда шуд. Имрӯз дар ҳузӯри онҳо 300 кг маводи нашъадор сӯзонида шуд.