Хомӯш кардани сӯхтори бузург дар анбори Маскав. Навор аз ҷои ҳодиса

Обуна шудан
Дар анбори маҳсулоти палстикӣ дар шаҳри Маскав,сӯхтори бузург ба амал омад, ки дар пайи он на кам аз ҳашт нафар наҷотдиҳандагон ба ҳаловкат расиданд. Масоҳати сӯхтор 4 ҳазор метри квадратиро ташкил дод. Навори муборизаи наҷотдиҳандагон бо оташро аз навор тамошо кунед.

Наҷотдиҳандагон ҷасади ҳашт нафар оташхомӯшкунандагонро, ки дар пайи сӯхтор дар анбор дар шаҳри Русия ба ҳалокат расиданд, дарёфт намуданд, иттилоъ дод МЧС.

"Ҷасади наҷотдиҳандагон дар макони асосии ҷӯстуҷӯ пайдо шуд",-гуфт мусоҳиби оҷонсӣ.

Чуноне дар торномаи МЧС Русия зикр мегардад наҷотдиҳандагон дар боми бино қарор дошта, мақсад доштанд қубурҳои обро аз болои балонҳо, ки ҳар замон метавонистанд битарканд рост кунанд.

Рӯзи панҷшанбе дар қисми шарқии шаҳри Маскав бинои анбор бо маҳсулоти пластикӣ оташ гирифт. Дар рафти корҳои оташхомӯшкунӣ 160 наҷотдиҳанда 46 адад техника сафарбар карда шуда, масоҳати умумии макони оташгирифта 4 ҳазор метри квадратиро ташкил дод.

Лентаи хабарҳо
0