Манобеъ: раванди депорти тоҷикон аз Русия қатъ нагардидааст

© Sputnik / Игорь Агеенко / Гузариш ба медиабонкМуҳоҷир дар маркази нигаҳдории муваққатӣ. Акс аз бойгонӣ
Муҳоҷир дар маркази нигаҳдории муваққатӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия, ҳамчунин кормандони маркази “Муҳоҷират ва қонун” доиман ҳамаи шикоятҳои ба онҳо расидаро оид ба нигоҳдории муҳоҷирон, тафтиш мекунанд ва бовар мекунонанд, ки ҳамааш дар доираи қонун суръат мегирад.

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik, Анастасия Лебедева.  Маълумоти бархе аз ВАО-и маҳаллӣ, ки гӯё ВКД Русия барои интиқоли муҳоҷироне, ки қонуни муҳоҷирати Русияро вайрон кардаанд, маблағ надорад, ҳақиқат надорад. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон се манбаъ маълумот доданд.

Ба гуфти роҳбари маркази ҳуқуқӣ ва маълумотии "Муҳоҷират ва қонун" ("Миграция и закон") Гавҳар Ҷӯраева, марказҳои муваққатан нигаҳдории муҳоҷирон дар Маскав ва вилояти нази Маскав дар таҳти назорати ҳамешагии кормандони ташкилот мебошад. Баъзан коршиносон ба дигар шаҳрҳо барои тафтишоти шикоятҳои расида низ мераванд.

Муҳоҷиронро дар Русия иҷозаи истиқомат ва кор аз депорт муҳофизат мекунад

Ҷӯраева бовар кунонид, ки шароитҳои нигаҳдорӣ ва хӯрокдиҳӣ бо меъёр мувофиқат мекунад.

"Ба ҳар ҳол, он ҷо ҷои дамгирӣ нест. Одамон интизор мешаванд, ки кай ба дигар кишвар интиқол меёбанд",- қайд кард коршинос.

Ба фикри вай, ҳамон далел муҳим аст, ки роҳбарияти қабулкунандагон бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ муносибати хуб дорад.

Ҷураева маълумотеро, ки гӯё ВКД Русия барои интиқоли муҳоҷирон маблағ надорад, инкор намуд. Ба фикри ӯ намояндагони диаспораҳо ба ҷои оғози муносибатҳои корӣ  дар бораи ин далелҳо фикр мекунанд.

"Ин гап дуруғ аст. Гусел кардани муҳоҷирон давом дорад. Ростӣ, қисми муайяни он маблағеро, ки аз баҷаи давлатӣ мерасад, интизоранд. Имсол, хешовандон ва ё ташкилотҳои хайриявӣ метавонанд ба ирсоли муҳоҷирон ба ватан маблағгузорӣ намоянд",- қайд кард вай.

Коршинос ҳамчунин гуфт, ки  муҳоҷирон аз сабаби мушкил будани тайёр кардани ҳуҷҷатҳои лозима аз тарафи хадамоти консулӣ интизори ирсоли хеш ба ватан мешаванд. Аммо бештар ин ҳолат бо ҷурми худи муҳоҷирон низ ба амал меояд. Зеро онҳо дар бораи худ маълумоти дурӯғин ё умуман ҳуҷҷатҳои қалбакӣ пешниҳод мекунанд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия низ ҳамин гуна ақидаро пешниҳод кард.

Номояндаи сохтори дипломатӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар панҷ ноҳияҳои федералии Русия 42 биноҳои нигаҳдории муваққатии муҳоҷирон мавҷуд мебошанд, дуи онҳо ҳоло ҳозир фаъолият намекунанд.

Дар 10-тои онҳо муҳоҷирони тоҷик нигоҳ дошта намешаванд. Дар 30 марказҳо ҳамагӣ 437 шаҳрвандони Тоҷикистон интизоранд, ки бояд ба Тоҷикистон интиқол ёбанд. Барои  178 муҳоҷир, сафорат ҳуҷҷат тайёр карда истодааст.

Чуноне ки намояндаи сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кард, онҳо ягон маълумот надоранд, ки бо муҳоҷирон муносибати бад мекунанд ё ҳангоми нигаҳдории онҳо меъёрҳои САнПиНи  Русия вайрон карда мешавад.

"Мо ҳамавақт аз ҷойи нигаҳдории муваққатии муҳоҷирон дидан мекунем. Одамон мефаҳманд, ки дар хонаи худашон қарор надоранд, барои ҳамин шикоят надоранд",- гуфт ҳамсӯҳбат.

Корманди полис. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қисми зиёди муҳоҷирони ғайриқонунӣ дастгир шуданд

Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон доим шароити нигаҳдории муҳоҷиронро назорат мекунанд ва онҳо ягон ҷурм намебинанд.

Ҳамчунин дар сафорат иқрор шуданд, ки онҳо бори аввал мешунаванд, ки гӯё Русия барои интиқоли муҳоҷирон ба ватан маблағ надошта бошад.

Бояд қайд кард, ки бисёре аз марказҳои нигаҳдории муваққатии муҳоҷирон дар шаҳрҳои Маскав, Санк-Петербург ва Твер ҷой гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0