ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи се кишваре мебошад, ки андози баландтаринро дар дунё доранд, омадааст дар хулосаи имсолаи Форуми байналмилалии иқтисодӣ.
ФБӢ кишварҳои Аргентина, Боливия ва Тоҷикистонро се кишваре хондааст, ки андози давлатии баландтаринро доранд.
Тибқи арзёбиҳо миқдори умумии андоз дар Аргентина болотар аз 100 дарсад аст. Танҳо андоз аз муомилот тақрибан 90 дарсадро фурӯ мебарад, вале ин ҷо боз андоз аз маош ва амалиётҳои молиявӣ низ вуҷуд дорад. Дар умум сатҳи андозро 137.3% гуфтаанд.
Боливия, ки дар ҷойи дуюм аст, дар ин кишвари Амрикои Лотинӣ 3 фоиз аз амалиёт андоз доранд, 60 дарсад фоидаи ҳамаи ширкатҳоро "фурӯ мебарад". Андози ин кишварро 83.7% арзбёӣ мекунанд.
Дар мақоми сеюм Тоҷикистон қарор дорад, ки ҷамъи сарбориҳо аз андозро 80,9% ташкил медиҳад. Бино ба таҳлили хориҷиҳо, дар Тоҷикистон андози дуфоиза аз муомилот роҳандозӣ шудааст ва ширкатҳоро лозим меояд фоидаи чашмгиреро аз даромадҳои худ ба фоидаи давлат пардозанд.
Дар даҳгонаи кишварҳое, ки андозҳои дандоншикан доранд, Колумбия (75.4%), Алҷазоир (72.7%), Мавритания (71.3%), Бразилия (69%), Гвинея (68.3%), Фаронса (66.6%) ва Никарагуа (65.8%) шомил мешаванд.