Намояндагони дипломатии ФР ва Чин вазъияти Осиёи Марказиро муҳокима карданд

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкСафири Чин дар ФР Ли Хуэй. Акс аз бойгонӣ
Сафири Чин дар ФР Ли Хуэй. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар робита бо интихоботи президентӣ дар Узбакистон ва бемории раисҷумҳури Қирғизистон намонядагони ду кишвар маҳз ба ҳамин мавзӯъ диққати махсус доданд.

ДУШАНБЕ, 22 сен —Sputnik. Муовини вазири вазорати корҳои хориҷии Русия Григорий Карасин бо сафири Чин Ли Хуэй дар Федератсияи Русия  мулоқот анҷом дод.

"Ҷонибҳо масъалаҳои мушкилоти мубрами байналмиллалӣ, аз ҷумла вазъияти Осиёи Марказиро муҳокима карданд",-гуфта мешавад дар хабарномаи вазорати корҳои хориҷӣ.

Станислав Притчин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Притчин: мухолифоти байни Тоҷикистону Узбакистон боқӣ мемонад

Дар яке аз кишварҳои асосии минтақа-Узбакистон чанде пеш, дар аввоили моҳи сентябр аввалин президенти ин мамлакат Ислом Каримов дар синни 78 солагӣ бо сабаби касалии инсулт аз дунё даргузашт.

Роҳбари муваққатии кишвар сарвазири Узбакистон Шавкат Мирзиёев интихоб гардид. Чуноне раиси Комиссияи марказии интихоботии Узбакистон Улуғбек Абдусаломов  хабар дод, интихоботи президентӣ дар кишвар санаи 4 декабр баргузор мегардад.

Раисҷумҳури ҳамсоякишвари Қирғизистон Алмосбек Отамбоев бо сабаби бемории дил рухсатии меҳнатӣ гирифтааст.

Қаблан хабар дода шуд, ки роҳбари Қирғизистон дар робита бо бемории дил наметавонад дар ҷаласаи 71-уми Ассамблеяи Генералии СММ дар Ню-Йорк иштирок намояд. Отамбоев дар Туркия таҳти назорати табибон қарор дошта, эҳтимолан рухсатии ӯ то моҳи октябр идома кунад.

Лентаи хабарҳо
0