Медали нуқраи Комроншоҳи Устопириён дар Гран-прии Тошканд

© Sputnik /  / Гузариш ба медиабонкДзюдо. Сабқати ҷаҳонӣ. Акс аз бойгонӣ
Дзюдо. Сабқати ҷаҳонӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Паҳлавони саршиноси тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдо дар Тошканд медали нуқра ба даст овард.

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Гуштигири маъруфи тоҷик, Комроншоҳи Устопириён  рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдо дар Тошканд (Judo Grand-Prix Tashkent 2015) соҳиби медали нуқра гардид, менависад сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Ба навиштаи манбаъ, варзишгари тоҷик дар вазни зери 90 кило дар нахустин қувваозмоияш бар Темур Болат (Қазоқистон) ғолиб омад. Баъдан Патрик Сиечомскии лаҳистониро шикаст дода, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

"Устопириён дар даври ниманиҳоӣ аз боли Шералӣ Ҷӯраев (Ӯзбакистон) ғолиб омада, ба финал баромад",- омадааст дар хабари сарчашма.

Аммо паҳлавони тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Марк Одентҳал (Олмон) мағлуб гашт ва барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд.Дар вазни зери 90 кило 26 нафар байни ҳам сабқат доштанд.

Пирӯзии Расул Боқиев дар сабқати дзюдо дар Маскав

Дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдо дар Тошканд, ки рӯзҳои 1-3 октябр баргузор шуд, ҳамагӣ  354 гуштигир (199 мард ва 155 зан) аз 52 кишвар ширкат дошт. Мусобиқа дар 7 вазн байни мардон (-60,-66,-73,-81,-90,-100,+100 кг) ва дар 7 вазн миёни занон (-48,-52,-57,-63,-70,-78,+78 кг) сурат гирифт.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 гуштигир намояндагӣ кард. Паҳлавони дигари тоҷик Саидҷалол Саидов дар вазни зери 100 кило баъди пирӯзӣ дар даври аввал бар Авазхон Тӯймуродов (Узбакистон), дар даврҳои минбаъда аз Евгений Бородавко (Латвия) ва Соиб Қурбонов (Узбакистон) шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб кард.   

Зимнан, ҳафт паҳлавони дигари тоҷик — Хаёмиддин Ҷабборов (60 кг), Умед Абдураҳимов (66 кг), Шӯҳратҷони Фархизода ва Кароматулло Ҳакимов (ҳарду — 73 кг), Фарҳод Раҳимов (81 кг), Аминҷон Ҷалолов (100 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг) дар нахустин рақобатҳои худ ноком шуда, аз идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд.

Лентаи хабарҳо
0