Дучарха бирон: дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии бидуни мошин қайд мешавад

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкДучархаронӣ. Акс аз бойгонӣ
Дучархаронӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо мақсади нигоҳ доштани боду ҳавои тоза дар шаҳри Душанбе, ронандаҳои пойтахт ба савор шудан ба нақлиёти ҷамъиятӣ ё дучархаронӣ даъват карда мешаванд.

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон чун дар дигар кишварҳои ҷаҳон имрӯз Рӯзи ҷаҳонии бидуни мошин қайд карда мешавад.

Имрӯз вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳамаи шаҳрвандонро даъват кардааст, то аққалан як рӯз аз мошинҳои сабукрав даст кашида, савори нақлиёти ҷамъиятӣ ё дучарха шаванд.

Чуноне дар вазорат қайд мешавад, ҳадаф аз баргузории аксия пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва беҳтар сохтани сатҳи экологии ҳавои фазо мебошад.

Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон нархи гази моеъ то 30% боло рафт

"Ҷиҳати пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва беҳтар сохтани сатҳи экологии ҳавои фазо аз шаҳрвандон даъват карда мешавад, ки аз нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ безарар ё камзарар истифода баранд то каме ҳам бошад фазои муҳити зистро аз партовҳои воситаҳои нақлиёт ҳифз намоянд",-омадааст дар иттилоия.

Рӯзи ҷаҳонии бидуни мошин ҳамасола санаи 22 сентябр дар аксари кишварҳои ҷаҳон қайд карда мешавад. Ҷашни мазкур шурӯъ аз соли 1973 инҷониб дар тамоми ҷаҳон бо мақсади ҳифзи муҳити зист ва солим гардонидани фазо таҷлил карда мешавад.

Иштирокчиёни аксияи мазкур мардуми ҷаҳонро, ба даст кашидан аз воситаҳои нақлиёт ва савори дучарха шудан даъват мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0